Истиқлолият – неъмати бебаҳо
Истиқлолият – неъмати бебаҳо
«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Э. Раҳмон
Истиқлолият боарзиштарин ва олитарин дастоварди миллати тоҷик буда, аз 9 – уми сентябри соли 1991 то ба имрӯз ба тариқи расмӣ Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Баробари ба даст овардани истиқлолият ба кишвари маҳбуби мо нуру зиё, ободонию бунёдкорӣ, ҳамфикрию ҳамзистии осоишта қадам ниҳода, боварию умеду орзу ба фардои дурахшон зиёда гардид. Тӯли асрҳои зиёд халқи тоҷик аз озмоишҳои сангин ва роҳҳои пур аз печу тоби ҳаводис убур намуда бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги куҳан, забони шевои модарӣ, илму адабиёти ниёгонро нигоҳ доштааст.
Мо дар минтақае умр ба сар мебарем, ки дар он аввалин китоби пурарзиши ниёгони мо «Авасто» арзи ҳастӣ намудааст ва таълимоти ахлоқии он «гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» дар тӯли қарнҳои зиёд баҳри ташаккули арзишҳои инсондӯстона саҳмгузорӣ намудааст. Маҳз ҳамин фарҳанги воло ва пешрафта, тафаккури ояндасоз ва донишу фалсафаи ҳаётии сатҳи баланди ниёгони мо, нобиғаҳои илму адабу маданият буд, ки якояки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид гардиданд, амсоли Зардушт, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва дигарон.
Истиқлолият барои мо тамоми имкониятро барои рушди ҷомеа, пешравии тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ фароҳам овард. Мо имкон пайдо намудем, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва рушди минбаъдаи мамлакати маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ интихоб намоем.
Кулли шаҳрвандони кишвар имрӯз ифтихор аз он доранд, ки дар диёри соҳибистиқлол умр ба сар мебаранд, Тоҷикистон кишвари ормонҳои тоҷикони ҷаҳон гаштааст. Истиқлолият баҳри мо намунаи олии устувории давлат, рамзи ҳуввияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, бақои симои миллат, шиносномаи байналмилалӣ гаштааст.
Тавре мусаллам аст, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд баргузор гардид ва ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки рушди минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон ба номи ӯ сахт марбут аст. Бо ташаббусу ғамхориҳои пайвастаи фарзонафарзанди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик роҳи бунёдкориву созандагӣ ва ободкориро пеш гирифта, марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Пешвои миллат дар кулли фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро ворид намуд, пули миллиро ба муомилот баровард, нерӯҳои сарҳадиро таъсис намуда, ҳифзи марзу буми Ватанро таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян намуд:
-таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
-ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
-саноатикунонии босуръати кишвар
Баҳри амалисозии ин ҳадафҳо Ҳукумати мамлакат ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқию обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии автомобилгард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ оғоз намуд.
Дар хусуси раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои роҳҳои мошингарди Душанбе -Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои мошингарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Бо истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имконият фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили кишвар ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина ба вазъияти боркашонӣ ва рафтуомад, таъмини мардум бо озуқаворӣ беҳбуд бахшида шавад.
Соли равон низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави кишвари маҳбуби мо таъсис ва мавриди истифода қарор гирифтани чандин иншоотҳо амалӣ гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари хешро ба ҳаммиллатони хориҷӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистони моро дар ҷаҳон чун кишвари сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф намудаанд. Мо чун шаҳрванди Тоҷикистон меболему мефахрем ва мекӯшем то Ватани маҳбуби мо ҳамарӯзаву ҳамасола рушд намояд ва ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардад.
Султонова А.Ҷ.
муаллими калони кафедраи
фанҳои ҷамъиятии
факултети сиёсатшиносӣ ва МБ