Террорист мазҳабу миллат надорад

Терроризм  ватан, забон,  нажод  ва дин  надорад.

          Ин   бадбахтӣ  оламшумле  гардидааст, ки  ба           

 муқобили он якҷоя  мубориза бурда  ба ҳамдигар кўмак 

расонда, тадбирҳои  худро мувофиқ сохтан  зарур аст.

        Терроризм ва ифродгароӣ падидаи номатлуби қарни XXI  аст. Ин маризӣ қадимулайём дар ҷомеъаи инсонӣ реша дошт, вале авҷи он ба замонаҳои мо рост меояд. Зеро агар терроризми замонаҳои пеш ба як қавм, миллат, минтақа хавф дошта бошад, терроризми замони муосир ба тамоми башарият таҳдид менамояд.

Қафомонии идеявию фарҳангӣ, нодида гирифтани дастовардҳои илму техника, бозмондагӣ дар ботлоқу таассубу кӯрхоҳӣ, куҳнапарастию бунёдгароӣ тарбияи носолими оилавӣ, бетарафи ҷамъият, дурмондан аз таҳсилот сабабҳои асосии майл намудани як идда ҷавонҳои ба ҳизбу кароматҳои номатлуб мегардад.

Имрузҳо дар кишварҳои Сурия, Ливия, Нигерия, Малайзия, Афғонистон бо дастгирию ивғои хоҷагони Ғарбӣ оташи ифротгароӣ аланга задааст шаҳру вилоятҳои обод, китобхонаву осорхонаҳои нодиру қадима маданияти пешрафта вайрону валангор ва зеру забар шуда истодаанд. Қувваҳои бади дар ин кишварҳо дас ба кирдорҳои ваҳшиёна мезананд, ки ҳатто ҳайвон дар хоки ҳамзистони хеш онро раво намебенад. Ҳазорон мардуми бегуноҳ қурбони фитнаи аҳриманхоҳи сиёҳдил  гаштаанд. Садҳо ҳазор зан бе шавҳару тифлони  маъсум  бе  саробон  мондаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  зуҳуроти  номатлуби  терроризм  ва экстремизми диниро  аввалин бор дар солҳои навадуми  асри  гузашта маҳз ташкилоти террористӣ  экстремисти ҲНИТ  барои нооромсозии вазъияти  сиёсию  ҷамъиятӣ  ва ғасби ҳокимият  роҳандозӣ  истифода  намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибони доираҳои манфиатдори хориҷӣ  татбиқ  мегардид, боиси сар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ  дар  кишварамон гардид.

Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллонҳо  нафар  одамон  гирифтори  хавфу  таҳдид  ва оташи ҷангу низоъҳо  гардиданд  ва зуҳуроти  терроризму  ифротгароӣ  ба хатари  бесобиқаи  ҷаҳонӣ  табдил  ёфта, оқибатҳои  фоҷиабору дарозмуддати  ҷамъиятиву  сиёсӣ  ва  маънавиро  ба бар меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамалкати дунё  ҳадафи  амалҳои  ҳаробкоронаи террористон қарор гирифта, ба асари ҳамлаҳои  террористӣ  садҳо  ҳазор нафар аҳолии осоишта  ба ҳалокат расидаанд  ва миллионҳо  нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарар ба иқтисодиёти кишаврҳо  расонида  шуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламравии Афғонистон  солҳои гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Си ду фоизи қурбониён  ва 53 фоизи маҷрўҳонро занону кўдакон  ташкил доданд.

Терриризм  содир намудан амалҳое  мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён  меоварад, истифодаи он мақсади  ҷисмони  баратараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехтари  ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ  ё  расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир  ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўхҳои дигари  этникӣ  аз ҷониби  ҷомеа  ва давлат муҳим  аст, эътирозро  ба вуҷуд  овард, ки он  мумкин  ба ифротгарон  сабзида расад.  Ифротгароӣ дар кадом  шакл набошад онро  мо қабул надорем, чунки  он ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрвандонро  поймол  мекунад.

Имрўз  терроризм  беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ  ва глобали касб  мекунад.  Он дар минтақаҳои  гуногуни ҷаҳон доман  паҳн  карда, ҳамроҳи бузурги иҷтимоӣ дорад  ва барои амнияти  давлатҳои  алоҳида  ва минтақаҳо  воқеан  таҳдид  эҷод  менамояд. Тоҷикистон ҷанги таҳлили шаҳрвандиро  аз сари худ гузаронидааст  ва бо зуҳуроти  зишти  ин  падидаи  ғайринсонӣ  аз наздик  ошно  мебошад ҷонибадори  усул  ва пойдоди устувори муборизаи қотеъ  ва ҳамоҳангшудаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зидди он аст.

Хушбахтона дар олам қувваҳои солим ва созанда хеле зиёданд, ки зидди кирдорҳои ин ваҳшитабиатон овоз баланд мекунанд, намегузоранд  ки  вабои  барпокардаи онҳо тамоман саёраро фаро гирад. Ислом дини пок, созанда, сулҳофараст. Дуруғ мугўянд онҳое, ки байрақи сиёҳро аз номи Худо болои сар бардошта, аз ягон пастию разолат қабоҳату касифӣ руй наметобанд.

Барои ба доми фитнаи  хоҷатона  бе нангу ор нафратона мебояд, ки ҳушёрии сиёсӣ,  худогоҳӣ, дараҷаи талиму тарбия ва нақши волидонро баланд бардошт.

 

Абдураҳмонова Б.С., – устоди ДДҲБСТ  

 

You might also like