Сулҳ ва ваҳдат – неъмати бебаҳо

Воқеаҳои нангине, ки солҳои 1992 – 1997  дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омаданд, ба таърихи Ватан чун саҳифаҳои сиёҳу тира дохил гардиданд. Таърихнигорон ин ҳодисаҳоро бо номҳои “ҷанги бародаркуш”, “ҷанги шаҳрвандӣ” эзоҳ додаанд. Сабаби сар задани ин ҷанг қабл аз ҳама норасогиҳои иқтисодӣ буда, онҳо дар солҳои буҳрон, яъне солҳои охири мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буданд. Душманони миллат аз ин вазъият истифода бурда, байни мардум дасисаҳои худро барандохтанд. Як гурӯҳ экстремистон исломро ниқоб карда, ошкоро зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромад карданд.  Экстремистон бо барномаи сиёсӣ ва ғояҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб карданд. Сипас, онҳо алангаи ҷангро афрохтанд, ки он қисми марказӣ ва ҷанубии мамлакатро фаро гирифт.  Ба экстремистон душманони хориҷӣ аз ҷиҳати моддию  маънавӣ  кӯмак мерасониданд.

Дар натиҷаи ин воқеаҳои мудҳиш зиёда аз 100 ҳазор одамони бегуноҳ ҳалок шуданд, шаҳрвандони зиёд ватанро тарк карда, ба мамлакатҳои хориҷа фирор  намуданд. Ба миқдори 10 миллиард доллари Амрико ба иқтисодиёти кишвар  зарари моддӣ расонида шуд.

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим фақат бар зидди аҷнабиёне, ки ба хоки онҳо ҳуҷум мекарданд, муборизаи қаҳрамонона мебурд, на ин ки тоҷик алайҳи бародари худ. Дар он айёме, ки дар сарзамини мо давлати демократӣ ҳукмрон гашта ҳамаи шаҳрвандон баробарҳуқуқанд, дар он айёме, ки дар кишвари мо осоиш, озодӣ ва дӯстӣ пойдор гардида буд, ба вуқӯъ омадани чунин муноқишаҳои сиёсӣ байни наслҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Ҷомӣ, Айниву Турсунзода, ки онҳоро аҳли олам мешиносанд, ғайричашмдошт буданд.

Пас аз иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ мардуми кишварамон бо роҳбарии фарзанди шоистаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хомӯш сохтани алангаи ҷанг ва барқарори сулҳ муборизаро шурӯъ карданд. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёд, баъди 6 – мулоқот ва 3 -машварат байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар мамлакат 27 июни соли 1997 сулҳ ва ваҳдати миллӣ  тантана кард.

Тоҷикистон беш аз 30 сол аст, ки озодона болу пар мезанад. Аммо истиқлоли кишвар бар ивази рехтани хуни одамони зиёди бегуноҳ ҳифз карда шуд. Душманони хориҷа диёри моро кучаку нотавон пиндошта, мехостанд, чун туъма фурӯ бурда, дар рӯи олам онро нопадид созанд. Лек, қувваи тавоно – хиради воло бо заҳмат душманро ба дӯст табдил дода, аз болои бадхоҳони миллат пирузӣ ёфт ва сулҳро пойдор намуд. Сипас, он соҳибхирад мавзеъҳои валангор гардондаи ҷангро аз нав барқарор карда, ба рушду нумӯъ додани ҳаёти мардумаш шурӯъ намуд. Бо ҳама минтақаву давлатҳо, халқу миллатҳо дасти дустӣ дароз карда, панди гузаштагон «Одамон аз дустӣ ёбанд бахт»-ро пеша намуд. Бо дилҷӯӣ ва дилёбӣ, сухани самимӣ қалби одамонро тасхир карда, ғайрату кӯшиши онҳоро баҳри бунёди ҷомеаи ободу озод бедор намуд; гоҳо бо нармӣ, гоҳо бо ҷиддият, гоҳо бародарвор, гоҳо падарвор ҳамеша ҳамдуши мардуми худ гардид. Ин ҳама ҷадалҳои Ӯ баҳри осоишу некуаҳволии мардум, баҳри баланд бардоштани номи миллат, парчами Тоҷикистон буд. Ин ҳама навгониҳои куллӣ ва тозакориҳои бешумор, ки дар сарзамини мо ба амал омаданд, бо номи фарзанди фарзонаву баруманди миллати тоҷик, роҳбари оқилу фозил, роҳнамои дурандеш ва меҳандӯст Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд мебошад. Дар ҳадиси муборак омадааст: «Подшоҳ –  сояи Худо дар Замин аст». Имрӯз бо ифтихор ин фарзанди асили ниёгонро «сарвари адлхоҳу адлҷӯй» метавон номид. Зеро, Ӯ пуштибони забон, фарҳанг ва миллати тоҷик буда, ба кулли ҳамзабонон муроҷиат карда гуфтаааст: «Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикони дунё аст». Эмомалӣ Раҳмон сарвари на фақат аҳли Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони дунё аст ва Ӯ шоистаи унвони Пешвои миллат аст.

Ниёгон гуфтанд: “Бе ранҷ ганҷ ҳосил нашавад”. Оре, ҳоло дар диёри мо осудагӣ ҳукмфармост, дар зери осмони мусаффо шодиву сурури кӯдакон дар ҳар хонадон садо медиҳад, ки ин хушбахтӣ аст. Бигзор, сулҳу ваҳдат на фақат дар марзу буми Тоҷикистон, балки дар тамоми сайёраи мо чун кабӯтар болу пар занад. Зеро, сулҳ неъмати олитарини ҳаёт аст.

                                                                    Файзуллоева М.Ш.,

                                                                    н.и.т., дотсент, ДДҲБСТ   

                   

 

You might also like