Омили даҳшату зӯроварӣ

Муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини буҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ин омил ҳанӯз дар нахустин асри исломӣ, аниқтараш пас аз реҳлати пайғамбари дини мубини ислом, дар давраи хулафои рошидин зуҳур намуда, баъдан торафт шиддат гирифтааст ва дар замони муосир низ яке аз монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои исломӣ ба шумор меравад.

Аз ин шарҳи мухтасари ифротгароии динӣ бармеояд, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яъне ифротгароӣ аз рӯйи мазмун динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ шуда метавонад. Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.

Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад. Тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оид ба амалиёти террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавҷуд нест. Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. Баргузори чандин аз симпозиуму конфронсщои байналмилаль доири мавзӯи мубориза бар зидди ифротгароии хушанатомез ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир далели гуфтаҳост. Сарвари давлат дар баромади худ борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таъкид намудаанд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳзиби наҳзати исломӣ баъди нокомии худ дар табаддулоти моҳи сентябр роҳи гурезро пеш гирифт ва созмони нави худро бо номи “Паймони миллӣ” таъсис дод. Баъди як соли фаъолияти ин созмон маълум шуд, ки ранги наҳзат ифротӣ аст. Бо ҳалномаи Суди олии мамлакат «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон гардид, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаву сомонаи он дар ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Набиева М.А. – ассистенти кафедраи технологияҳои

иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like