Дарсҳои кушоду намунавӣ омили болоравии сифати таҳсилот
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ баргузории дарсҳои кушод идома доранд. Ин навбат дар синфхонаҳои барҳаво, лабараторияву марказҳои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ ва факултетҳои донишгоҳ дарсҳои кушоду намунавии омӯзгорон баргузор гардиданд. Дар ҷараёни баргузории дарсҳои кушоди омӯзгорон намояндагони раёсати донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим, истифодаи техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ арзёбӣ мешавад.