АҲРИМАНИ АСРИ XXI

Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ва ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ҳамчун вабои аср фазои тамоми ҷаҳонро фаро гирифта ба амнияти ҷаҳон ва вайрон намудани мафкураи ҳар як сокини сайёра таъсир расонида истодааст.

Ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ифротӣ, ки яке аз он Паймони Миллии Тоҷикистон мебошад, ки зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар дар Аврупо фаъолият мебарад. Ин шахсонро зархарид ҳам меноманд, ки ба фоидаи хоҷагони худ ба ивази пул омода ҳастанд тамоми ҷиноятро анҷом диҳанд. М.Кабирӣ собиқ Раиси ТЭТ ҲНИТ, ҳоло берун аз кишвар қарор дошта ҳамчун хоини миллат эътироф карда шудааст. Аксарияти мардуми кишвар аз амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои ӯ бохабар нестанд ва имрӯзҳо ин шахси бадхоҳ аз берун ба ҷониби кишвар санги маломат зада истода бо ҳар гуна ақидаҳои носолим  ва баромадҳои бардурӯғи худ байни мардум тафриқаандозӣ дорад. М.Кабирӣ бояд фаромўш нанамояд, ки ҷавонони Тоҷикистон дорои ғурури миллӣ буда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи хоинони миллат нахоҳанд шуд.

Ногуфта намонад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва якчанд ҳаммаслакони ӯ «Исломро» ба худ ҳамчун ниқоб истифода бурда, ба куштору ғорат даст зада истодаанд, ки ин ба дини ислом ҳеҷ алоқамандие надорад. Мақсади ин шахсон танҳо ва танҳо гумроҳ сохтани ҷавонон ва халалдор сохтани сулҳу суботи кишвар мебошад. Он давраҳое, ки М.Кабирӣ аз роҳбари ҲНИТ буданаш истифода бурда сӯистифода аз ислом мардумро ба худ ҷалб намуда ҳар гуна ақидаҳои носолимро ҷорӣ карда буд. Боиси қайд аст, ки дар ислом куштору ғорат вуҷуд надорад. М.Кабирии золим худ падидаи Аҳриманӣ буда, саропо кору пайкораш бадӣ аст.

Ин рафтои ноҷоӣ аъзоён буд, ки дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натавонист раъйи лозимӣ барои дарёфти курсӣ дар парлумонро ба даст орад. Ба иддаои масъулини ҲНИТ ин ҳизб аз 40 ҳазор узв иборат буд.

Баъди шикасти шармандавор ва рӯи об баромадани ҳақиқатҳо собиқ Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва якчанд узви ин ҳизб ба хориҷа фирор карда бо охундҳояш якҷо шуд. Ҳадафи Муҳиддин Кабирӣ ин курсии болоӣ аст. Ҳоло мардуми мо ҳақиқатро аз фанду фиреб фарқ карда метавонанд ва душманони миллатро мешиносанд. М.Кабирӣ худро ин қадар миллатдуст ва пуштибони муҳоҷирон мешуморад, аммо ин суханҳо танҳо сухани пуч асту халос ва ҳеҷ як далелу исбот надорад. Муҳоҷирон ва ҷавонон, умуман ҳама бояд бидонанд, ки Кабирӣ ва пайравони ӯ бо эҳсосоти онҳо бозӣ доранд.

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ва нокасу палид мешиносад. Ин хоини миллат дар Аврупо зери пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷӣ зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои шахсони бадхоҳ ва ватанфурӯш. Ин гуна хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Беҳуда бузургон нафармудаанд «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад». Дар ягон давру замон ватанфурӯшон, хоинони миллат ва нохалафон ба мақсад нарасидаанд ва нахоҳанд расид.

Солҳои 1990-1992 худ далели амалҳои ин шахсони манфиатҷуй ва дуруя аст, ки маҳз қатлу куштор ва ваҳшатафкании ифротиён монеъаи рушди кишвари мо гардид. Вале ба ин ҳама шикастҳо ва нобасомониҳои зиёд нигоҳ накарда бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо Тоҷикистон ҳоло ба як кишвари ваҳдатофар ва пешрафта табдил ёфтааст. Ин шахсони ғаразнок боз мехоҳанд нақшаҳои нопоки худро амалӣ сохта бо гумроҳ сохтани ҷавонон, миллати сарҷамъи моро парешон ва онро ба харобазор табдил диҳанд. Мо ҷавонони баномуси тоҷик ҳама аз як гиребон сар бароварда бар зидди ин бадхоҳон ва хоинони миллат то абад мубориза мебарем ва кишвари азизи худ, модар ва додарону хоҳаронамонро аз ин ғуломони хоҷагони хориҷӣ ва ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва номатлуб эмин нигоҳ медорем.

Муҳим он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст  надиҳанд, ба ҳар гуна ваъдаҳову паёмҳои шахсони номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух надиҳанд. Ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил нагарданд, ки боиси гарави хушбахтӣ ва нобудсозии ҳаёти ҷавон аст ва он роҳи бебозгашт аст. Мо бояд бикӯшем, ки фирефтаи доми ин зархаридон нагардем ва ҳар як хоки ватани худро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоем.

 

Исоқов М. Т. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like