Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстремитиву террористии ҳизби наҳзати ислом
Аз расонаҳои хабарии телевизионӣ огоҳ гардидем, ки санаҳои 25 ва 26 июли соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар ҳамкорӣ махсус таъкид карда шуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар самти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динӣ- родикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд баррасӣ намуданд.
Вобаста ба вазъи мураккаб дар давлати Афғонистон, масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ва пешгирии маводи мухаддар дар ин ҷараён низ муҳокима гардиданд.
Зимни вохӯрӣ Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович иброз намуд, ки дар ҳудуди Федератсия Россия фаъолияти ҳизби наҳзати Ислом ҳамчун ҳизби террористӣ манъ карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо давлатҳои дигар низ симои аслии ТЭТ ҲНИ-ро шинохта, фаъолияти онро дар ҳудуди кишварҳои худ манъ карда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардидааст. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёт ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқи байналмилалӣ ва дохилиро қабул намудааст. Изофа аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ гардидааст. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократи мешиносанд. Зиёда дар 60 давлатҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратхонаву консулгароӣ дорад. Бо баробари ин бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд давлатҳои ҷаҳон шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дорад.
Ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони пуртазод ба вуҷуд меояд, таъсири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмиллалӣ аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар баромадҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, озодии виҷдон, яъне озодӣ, пайравӣ ба динро муҳайё намуд. Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ бештар муҳайё гардад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсиву мафкуравии онҳо инкишоф ёфта, доираи ҳуқуку озодиҳои онҳо васеъ мешавад.
Самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳи таърих ба қатори 11 давлатӣ рӯ ба инкишоф шомил шуда, ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба маҷрои рушди муътадил ворид гардад. Рушди бонизоми кишвар ва иттиҳоди миллӣ ба аъзои Ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИ хуш наомад, ки ахиран ба ҷиноятҳои вазнин, ташкили задӯхурдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишвар, кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳи террористӣ бо сардории Муҳиддини Кабирӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуда, ниҳоят 29-сентябри соли 2015 фаъолияти он аз ҷониби суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. Шаҳрвандони фирефташуда ва гумроҳ якҷоя аз аъзогии ин ҳизби террористию экстремистӣ баромада саркардаҳои ба хориҷи кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуданд. Имрӯзҳо Ташкилоти террористи экстремистӣ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди «Ҳаракати исломи Туркистони щарбӣ» «Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломи Узбекистон) «Иғвои –ул-муслимин» « Ҳизб-ут-таҳрир», « Ҷамоати Ашар-ул-лоқ», «Салафия», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра», ҳамкорӣ дошта, аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши заддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд. Гузашта аз ин, зиёда аз 1000 нафар аъзои ҲНИ дар муноқишаҳои Сурия, Ироқу Яман, Афщонистон ва Фаластин иштирок дошта, ҳамарӯза таҳдиди вуруд ба Тоҷикистонро доранд.
Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконот сари қудрат омадан тавассути интихобот боис гардиду ниқоб аз чеҳраи аслии аъзои он бардошта шуд. Охирин талоши наҳзатиён барои сари қудрат омадан табаддулоти соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода, бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Ҳалим» буд, ки шикаст хӯрд. Ба таври дигар гӯем, сенарияи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути нерӯҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид. Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро ба сиёсат омехтан маънии миёни ҷомеаи мусалмонӣ ихтилоф ангехтанро дорад. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки рахна ба таҳкурсии бақои давлату миллат мезанад.
Кабириву сарпарастонаш мехостанд тафаккури мазҳабии мардумро дигаргун созанд. Идеологияи асосии хоҷагони ТЭТ ҲНИ дар он ифода меёбад, ки инқилоби исломиро дар кишварҳои мусалмонӣ тадриҷан, зина ба зина таҳрезӣ кунанд ва густариш диҳанд. Аз ин лиҳоз, дар бархе аз кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Сурия, шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикистон вазифаи ин шуъбаро Ҳизби наҳзат иҷро мекард. Яъне ба ном Ҳизби наҳзат буд, аммо моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» маҳсуб мешуд ва фаъолияти идеологӣ-сиёсии онро пеш мебурд. Фаъолияти онро то кунун пинҳонкорона дар Тоҷикистон ва Аврупо давом дорад. Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар ощози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оваранд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш – ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотира дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд аммо ин танҳо сароб, дуррӯщ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи шайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Агар ба саҳифаи таърих нигаҳ кунед маълум мегардад, ки дар аҳди Сомониён сабаби шикасту аз байн рафтани давлат гардид. Дар натиҷа дар тӯли таърихи ҳазорсола дигар мо натавонистем давлати миллӣ дошта бошем. Дар 30 соли Истиқлол низ мо борҳо шоҳиди хиёнат гардидем, ки аз тарафи наҳзатиҳо сар задаанд. Ташкилоти экстремитиву террористии ҳизби наҳзати ислом ин хиёнаткоронӣ миллати тоҷик мебошанд. Онҳо намехоҳад, ки Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол арзи ҳасти намояд. Имрӯзҳо як ҳар фарди миллат аз хурд то калонсол дарк менамояд, ки чунин амали ноҷавонмардонаи аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломро маҳкум намояд ва дастаҷаъмона ин арзиши олии сиёсӣ, яъне Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем ва пояҳои онро таҳким бахшанд.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои тундгароёнаи ТТЭ ҲНИ итминон дорем, ки сулҳу суббот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барно Ватан ва тоҷику тоҷикзабони тамоми дунё, бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Мо кўшиш ба харҷ менамоем, ки Тоҷикистони азизамон доимо сарсабзу хуррам бошад ва парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо парафшон бошад. Мо гуфтаҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ алалхусус хоини миллат Муҳиддин Кабириро маҳкум мекунем ва ба гуфтаҳои ў лаънат мехонем.
Ахмедов Н.И.-мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия