ТЭТ ҲНИ – ХАТАР БА СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар замоне, ки давлати мо истиқлолияти худро ба даст оварду, мо тўли чанд сол аст, дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ зиндагонӣ карда истодаем ва аз дастовардҳои он, ки сол то сол зиёд шуда истодааст, мефахрем. Дар ин осмони софу беғубор абрҳои тираву сиёҳ намудор шуданд, ки ба ваҳдату, сулҳу осоиштагии давлатамон, хатари парокандагии миллатро оварда, ба пайдо шудани низову ошўбҳо дар ҷамъият сабаб мешаванд, ки мисоли он ҲНИ мебошад.
То ҳол дар байни мо инсонҳое ёфт мешаванд, ки аз ҳизбҳои динӣ баромад карда, давлати исломӣ ташкил карданӣ ҳастанд, мақсади онҳо танҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на ин ки некуаҳволии халқ. Онҳо динро ба манфиатҳои худ истифода бурда, ҷомеае, ки ба пеш ҳаракат карда истодааст ба қафо ба давраи асримиёнигӣ бурданӣ ҳастанд.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки барои пешравии ҷомеа танҳо сиёсати солими дунявӣ, дониши илмӣ, тараққиёти илм ва техника лозим аст, ки пояи асоси ояндаи дурахшони миллатро ташкил медиҳад. Зиддият ва муборизае, ки аз замонҳои қадим байни сиёсат ва дин сар зада буд, то ҳол идома дорад. Аз дасти рўҳониёни асримиёнагӣ, ки ба фанатизми динӣ дода шуда буданд, давлат пеш намерафт. Айнан чунин холат дар давраи истиқлолият ТЭТ ҲНИ, ки ҳар як аъзои он тухми фанатизмро дар байни миллат пошида, одамонро ба исён оварда, ҷамъиятро нотинҷу, давлатро ноустувор мегардониданд.
Ҷамъияте, ки ба фанатизми динӣ гирифтор шудааст, ба осонӣ идора карда, байни онҳо оташи ҷангро афрухта, демократияро ба анархия мубаддал гардондан мумкин аст, ки ин ба манфиати он шахсоне, ки худ бо чунин тарз ба сари ҳокимият омада, давлати тоҷикро нобуд кардан мехоҳанд.
Барои миллати тоҷик ТЭТ ҲНИ аз рўзҳои аввали фаъолият то охир чун душмани миллат баромад карда, халқро ба гирдоби ҷангҳои хунин гирифтор намуд. Амалиёти ҲНИ-ро дар Тоҷикистон ҳамчун хиёнат ба халқ, ба Ватан арзёбӣ кардан лозим аст. Танҳо дар панҷ соли охири фаъолияташ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ беш аз чил ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд.
Аз ҷумла афрўхтани кинаву адовати динӣ, ташкил ва иштироки иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва экстримистиву террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фаъолияти ҲНИ дар Точикистон дар ҳақиқат характери экстримистӣ-террористӣ дошта, мақсади онҳо ғасб кардани давлати дунявии тоҷик, маҳкум кардани озодии миллӣ, барпо кардани давлати исломӣ мебошад. Давраи фаъолияти ҲНИ дар таърихи миллат саҳифаи пурдоғеро аз худ боқӣ гузошт. Ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ки ба худ ранги диниро гирифтанд, бештар самти фаъолияти онҳо зидди сиёсати давлат ва поймол кардани қонуни конститутсионӣ равона карда шудааст.
Вобаста ба ин, моро мебояд ки ҳаргиз ба суханҳои ин хоинони миллат, ки айни замон дар хориҷ қарор гирифта, зидди Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои сиёҳкунанда мезананд бовар накунем ва фирефтаи онҳо нагардем.
Исоқов М.Т. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ