ТЭТ ҲНИ ва терроризм ҳаммуродифанд

Терроризм ва экстремизм дар замони муосир ба проблемаи глобалии тамоми халқиятҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст. Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳои худ таъкид кардаанд, ки «Террорист ватан, миллат надорад». ҲНИТ ин замон моҳияти террористӣ-экстремистии худро бо фаълияти хеш ошкор кард. Созмони минтиқавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хабар медиҳад, ки ба феҳрасти террористӣ ҲНИТ ворид кардааст. Яъне, созмони ифротгароии наҳзатиён аз ҷумлаи 100 созмонҳои террористиву ифротгароии ҷаҳонӣ шинохта шуда, эътироф карда шудааст.

Наҳзатиён барои амалӣ гардонидани мақсадҳои сиёсии хеш, яъне нест кардани давлати соҳибистиқлолу дунявӣ-демократии тоҷик, таи чанд сол фаъолият карда, бо бисёр ташкилотҳову иттиҳодияҳои экстримистиву террористӣ робита пайдо кардааст. Маҳз бо дастгирии чунин ташкилотҳои террористии давлатҳои хориҷӣ, нахзатиён фаъолияти хунини худро идома медоданд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ. собит кард, ки наҳзатиён дар қатли Сайф Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ Юсуф, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ, Раҳмоналиев, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов ва Ҳабиб Сангинов айбдоранд.

Таҳлили фаъолияти ТЭТ ҲНИ нишон дод, ки ҳадаф ва мақсади наҳзатиён аз моҳияти ташкилотҳои террористиву экстримистӣ ягон фарқияте надорад. Тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 800 нафар узви ҲНИ бо ташкилотҳои террористӣ робита дошта, аз тарафи мақомотҳои ҳифзи амнияти кишвар дастгирӣ карда шуданд. Инчунин собит шуд, ки зиёда аз 1000 нафар наҳзатиён барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстримистӣ ба ташкилотҳои террористии давлатҳои хориҷӣ аз тарафи ҲНИ сафарбар карда шудаанд.

Ҳизбе, ки манфиати халқи хешро ҳимоя намекунад, дар байни ҷамъият низоҳоро барафрўхта, зидди давлат амал мекунанд, ба амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар таҳдид карда, ҷангҳои шаҳрвандиро ба вуҷуд меоранд, ҷавононро роҳгум занонда ба пайраҳаи марг сафарбар мекунанд ва сабаби фалокатҳову бадбахтиҳои ҳазорҳо тоҷикистониён мегарданд, набояд, ки дар сарзамини соҳибистиқлоли мо қадамҳои марговари худро гузоранд. Наҳзатиён дар сарзамини аҷдодиамон тухми бадиро пошида, нигарони нобуд кардани давлати соҳибистиқоли тоҷик ҳастанд. Халқи ба орў номуси тоҷик ба даъватҳои разили наҳзатиён дигар бор фирефта нахоҳанд шуд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо сарвари одилу барўманди тоҷик, Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо машақатҳову ҷонбозиҳои зиёд соҳиб шудем, ба дасти хоинони ватан нахоҳем супурд. Ақли солими ҳар фарди тоҷикистониён зидди наҳзатиёнанд, зеро солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро, ки халқи азияткашидаи тоҷик аз сар гузаронд, намемонад, ки боз пас гардад. Мо барои насли оянда кишвари ободу хуррам, офтоби софу беғубор, сулҳу ваҳдати миллӣ, давлати пешқадими сохибистиқлолу дунявиро мерос бимонем, то сазовори ёди неки наслҳо бошем. Аз ин сабаб тухми наҳзатиёнро нобуд бояд кард, то ин ки фаъолияти чунин афродҳои хунхор дар сарзамини муқаддаси мо аз байн равад.

 

Бобоҷонов Д. – Асситенти кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like