Ту Кабирӣ барои мо ҷавонон як хоин ҳастӣ дигар ҳеч чиз не!

Маълум аст, ки солҳои охир ҷараёнҳо ва категорияҳое пайдо шуданд, ки динро ниқобпӯш кардаанд. Онҳо мекӯшанд дар байни мардум фитна барангезанд, оромии шаҳрвандонро вайрон кунанд, ҷиноятҳо, аз қабили вандализм ва хунрезии беадолатонаи одамони бегуноҳро афзоиш диҳанд. Худо дар муроҷиат ба чунин ашхос дар Қуръон мефармояд: “Аз ризқи Худо бихӯред ва бинӯшед ва дар замин фасод накунед.” (Бақара, 60).

То охири асри 20 адабиётҳо ва нашрияҳои мухталиф ҳамчун воситаи асосии паҳн кардани ифротгароии динӣ ва таассуб дар байни аҳолӣ хидмат мекарданд.

Имрӯзҳо ҳаракатҳои мухталифи инқилобӣ бо номи дин дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан дар Ховари Миёна бо гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, ошӯбҳо ва бархӯрдҳои мусаллаҳи низомӣ байни ҷомеа ва ҳукуматҳо ҷараён доранд. Ҷавонписарон ва духтароне, ки дар бораи ислом ҳеҷ тасаввуроте надоранд, аксар вақт барои гардиши чархҳои чунин инқилобҳо кӯмак мерасонанд.

Бисёр одамон аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарбияи ҷавонон, ки боиси паҳншавии босуръати ғояҳои харобиовар мешаванд, ба ташвиши ҷиддӣ афтодаанд. Аз ҷумла, бисёре аз ҷавонон аз Одноклассники, Facebook, Вконтакте, My World ва Twitter истифода мебаранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин як василаи хеле муносиб барои меҳмонони интернет барои ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот мебошанд. Бо дар назардошти бепоёнии Интернет ва имконнопазирии бастани каналҳои моҳвораӣ, акнун имкон дорад, ки ба манзури ҳифзи аҳолӣ, ба ҷавонон, аз чунин ғояҳои харобиовар (Кинаи Кабирӣ) масунияти маънавӣ бар зидди чунин ғояҳои харобкор эҷод карда шавад.

Дар умум дар байни ҷавонони имрӯза мушкилотҳои ҷидди ба назар намерасад. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ намуда истодааст, то ки ҷавонон мисли Кабири ва ҳаммаслакони ӯ ақидаҳои ҷангзада пайдо накунанд.

Яке аз чунин шахсоне, ки бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро фиреб карданӣ мешвад ин М.Кабирӣ ба ҳисоб меравад.

Агар Кабирӣ хоҳиши пайдо кардани ҳақиқатро дошта бошад пас барои чӣ:

  • имрӯз берун аз кишвар шуд;
  • чи сабаб мардум ӯро дастигирӣ накарданд;
  • чи қадар маблағҳои беминнат бадаст меорӣ барои ин амалҳои кинаву адовати миллӣ;

Барои мо маслиҳатҳои Кабири ва барномаҳои ӯ тамоман лозим нестанд. Зеро Кабири ва пайравони ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки қоидаҳои миллӣ ва диниро дар зеҳни кӯдакон тағир диҳанд. Бо ин кор, онҳо моро бар зидди ақидаи волидон ва давлати худ зид мебароранду халос.

Ҷавонони азиз, ҷавонӣ неъмати бебаҳост, ки ба ҳар як инсон як бор дода мешавад. Шахсе, ки ин неъматро қадр мекунад ва аз он барои баланд бардоштани дониши худ самаранок истифода мекунад, вазифаи олӣ дониста мешавад. Ва он худро аз ҳамлаи вайронкорони гуногун муҳофизат мекунад.

Ту Кабирӣ барои мо ҷавонон як хоин ҳастӣ дигар ҳеч чиз не…

 

Давлатов У.Н. – асистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

You might also like