5-УМИН ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ПАҲНОИ ОЛАМ

Санаи 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар самти сиёсати хориҷӣ низ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва пайваст гардидани кишвар ба равандҳои глобалии рушди ҷомеа, яке аз бахшҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ арзёбӣ гардид.

Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.

Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.

Пешвои миллат бори дигар нақши Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои бунёдии онро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.

Пиряхҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, қариб шаст фоизи ҳаҷми оби дарёҳои онро таъмин менамоянд. Мутаассифона, тағйири иқлим ба обшавии бовусъати онҳо мусоидат намуда, ба захираҳои бебаҳои об талафоти ҷиддӣ мерасонад. Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхи калону хурд мавҷуд буданд, вале бар асари гармшавии иқлим, фақат тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазортои онҳо аз байн рафтанд.

Бо назардошти оқибатҳои ҷиддии экологии ин зуҳурот масъалаи ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи масъалаҳои марбут ба об ва тағйири иқлим аз минбари созмонҳову ҳамоишҳои мухталиф пайваста ба самъи ҷомеаи байналмилалӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2009 дар Ҳамоиши III умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева ва Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим дар Копенгаген манзур гашта буд.

Хушбахтона, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.

Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Қайд кардан зарур аст, ки бо вуҷуди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани силсилаи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили марбут ба об, ӯ бар он андеша аст, ки дар ин самт масоили зиёде мавҷуд аст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Махсусан масъалаҳои истифодаи боадолатонаи об дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақа, кӯли Сарез, ҳифзи пиряхҳо ва ғ. аз зумраи чунин масъалаҳо мебошанд.

Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ воқеан мақоми пешсафиро ишғол менамояд.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ барои инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро ҷиҳати таъмини ҳаёти арзанда эҷод менамояд.

Акмалова М. А. – д.и.с., профессор, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like