Нақши ҷавонон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ
Дар марҳилаи кунунии рушди ҳар як кишвар ҷавонон нақши муҳим мебозанд, зеро ҷавонони бонангу номус ва саодатманд рушди ояндаи ҷомеаро муайян мекунанд. Нақши ҷавонон дар нигаҳдории фарҳанги иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташаккули ҷомеа хело бузург мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият, сиёсати давлатии хешро ба масъалаи ҷавонон равона намуда, баҳри фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои рушди бомуваффақияти ташаббусҳои созандаи ҷавонон тадбирҳо меандешад.
Сиёсати давлатӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди моликияти зеҳнии ҷавонон, афзоиши захираи ҷавонон ва истифодаи он барои рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мебошад. Дар давраи ташаккулёбии иқтисодиёти инноватсионӣ нақши захираи зеҳнии ҷавонон таҳкимбахш буда, бо истифода аз тафаккури зеҳнӣ ва дастовардҳои илмии худ метавонанд дар рушди ҳаракатҳо, фаъолияти зеҳнӣ ва саломатии ҷавонон аз гурӯҳҳои дигари аҳолӣ фарқ кунанд, ки ин худ нишонаи давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, пойдории ояндаи миллат ва давлат будани ҷавонон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташақкули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷонони Тоҷмкистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр карда шуда буд, ки: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд». Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми январи соли 2021 баён карда шуд, ки: «Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.
Аз ин рў нақши ҷавонони кишвар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ бисёр беназир мебошад. Ҳоло дар дастгоҳи давлатӣ алалхусус дар ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ ҷавонони кишвар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Изофа аз ин ҷавонони кишвар дар маориф саҳми худро гузошта дар мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Имрӯзҳо дар ҳокимияти судӣ кормандони ҷавонони зиёди дастгоҳи суд ба чашм мерасад, ки ин бешубҳа дастгирии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мебошад.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ахмедов Н.И.-мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ