Таҳсилоти дуюм ва идомаи таҳсил
Тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, силсилаи АУ 0001866, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳамасола Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон довталабонро барои соҳиб шудан ба таҳсилоти дуюми олии касбӣ қабул менамояд.
Довталабон тибқи Қоидаҳои қабули донишҷўён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ки қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2017, №5/21 тасдиқ шудааст, қабул карда мешаванд.
Довталабон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ тариқи сўҳбат ба шўъбаҳои ғоибона (намуди фосилавї) қабул карда мешаванд.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва мўҳлати гузаронидани суҳбат аз 11 то 25 август муқаррар шудааст.
Довталабон тибқи муқаррароти Қоидаҳои кабул ба комиссияи қабули донишгоҳ дар муҳлати муайяншуда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
-ариза ба номи ректор;
-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихоб карда;
– 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
– маълумотномаи тиббии шакли 086-у;
– шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.
Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон бо назардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо шаклҳои зерини қабулро ба роҳ мемонад: бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили сесола); бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили чорсола).
Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.
Номгўи ихтисосҳои таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар ДДҲБСТ: ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, идораи давлатӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва хадамоти гумрук.
Тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, силсилаи АУ 0001866, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳамасола Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули довталабонро барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд.
Довталабон тибқи Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017, №3/9 тасдиқ шудааст, қабул карда мешаванд.
Хатмкардагон коллеҷҳои соҳавӣ бо «Дипломи аъло» дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 6 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ғоибона (таҳсилоти фосилавӣ)-и донишгоҳ қабул карда мешаванд.
Хатмкардагони коллеҷҳои соҳавӣ бо дипломи муқаррарӣ пас аз 3 соли хатм ва кор кардан дар истеҳсолот, (дар ҳолати зарурияти истеҳсолӣ ба таври истино бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти мавҷудияти фарқият дар ҳаҷми то 18 кредит) ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ғобонаи донишгоҳ аз рўи натиҷаҳои аттестатсия ва озмун қабул карда мешаванд.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 31 июл ва муҳлати гузаронидани суҳбат аз 1 то 20 август муқаррар шудааст.
Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод менамоянд:
-ариза ба номи ректор;
-ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).
Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд.
Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашта ҳисобида мешаванд.