Наҳзат ва ғояҳои ифротгаронаву хоинонаи он

Тавре аз нишасти хабарии сардори амнияти миллии Афғонистон маълум гардида буд, имрӯзҳо дар ин кишвари ҷангзада гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мазҳабию ифротӣ бо мақсади иттиҳоди ягонаи террористию экстремистӣ ташкил намудан ҷамъ омадаанд. Дар ин иттиҳоди террористию экстремистӣ ТЭТ наҳзат низ бо маълумотҳои ин ниҳоди амниятии кишвари ҳамсоя бо қувва ва нерӯи ташкилёфта ва маблағгузоришуда омодаи фармонҳои роҳбарияти ТЭТ наҳзат мебошанд. Аз рӯи хабарҳои баъзе манбаъҳои хабарии хориҷиву дохилӣ ин дастаи нахзатиҳо бо мақсади ташкил намудани ҳаракатҳои ваҳшатафканӣ дар дохили кишвар омодагӣ мебинанд.

Аммо М.Кабирӣ ин эътирофоти мақоми ваколатдори давлатии кишвари ҳамсояро бепоя хонданаш қобили қабул нест. Чунки ТЭТ наҳзат дар ин масъала таҷрибаи бойи таърихӣ ва бо баъзе гурӯҳҳои ифротии кишвари ҳамсоя алоқаи ногусастанӣ дорад. Масалан, ибтидои солҳои истиқлолиятро ба ёд оварда кас аз нокасиҳои наҳзатиҳо дар он солҳо ба ҳайрат меафтад.

Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ, ки поягузорони он, ҳам наҳзатиҳо мебошанд аз силоҳи зинда, яъне ҷангандаҳои дар Афғонистон бударо ба таври кироя оварда барои қатлу куштори шаҳрвандони осоишта истифода менамуданд, ки ин ҷинояти гӯшношуниди онҳо дар сафҳаҳои хунини таърих сабт шудааст.

Худ маълум гардид, ки онҳо хилофи яке аз бандҳои созишномаи сулҳ баромада, пурра силоҳу аслиҳаи худро насупоридаанд ва дар солҳои минбаъдаина истифода намуда, чандин қатлу кушторҳо ва дуздиву ғоратгариҳоро ташкил намуданд, ки бо далелҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  мавриди таҳқиқ ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Хилофи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҳизби сиёсӣ ва бандҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон амал намуда, 4-сентябри соли 2015 даст ба ғасби ҳокимияти сиёсӣ зад ва бо ҳамин аз сиёсат хориҷшудагон (Хавориҷӣ) гардид. Ба ҳамин минвол бо ҳар баҳонаҳо чандин маротиба зидди Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва таҳиямешудаи порлумони кишвар эътирозҳои мутаассибона ва зиддиконститутсионӣ мекарданд.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар кишварҳои Аврупоӣ дорои салоҳиятҳои махсуси гурезагони сиёсиро касб намуда, аз дастгириҳои махсус бархурдор мебошанд. Тиҷорат, манбаъҳои иттилоотию хабарӣ ва маблағгузорӣ барои ҳаракатҳои ифротгароёна, даҳшатафканӣ ва террористӣ дастрасӣ доранд. Ин ТЭТ наҳзат бо террористон ва ҳаммаслакони онҳо гуфтугӯҳои пасипардагӣ доранд.

Бо ҳамин дар хулосаи худ гуфтанӣ ҳастам, ки ин ТЭТ ҲНИ зери роҳбарии Кабирӣ аз ҳеҷ қабоҳате нагашта он фармуда ва дастурҳои хоҷагонашро бомасъулиятона амалӣ менамояд. Вале қишри ҷомеаи фаъоли мо аз ҷумла, аҳли зиё ва рӯҳониён аз ин хислатҳои шум ва пасипардагии наҳзатиён огоҳ ҳастанд ва дар ҷавоби онҳо кирдори сиёҳи ба сари мардум дар солҳои навадум овардаашонро хотиррасон мекунанд ва то метавонанд ба насли нав аз фаъолияти нодуруст ва тахрибкоронаашон маълумотҳои заруриро бо далелҳои раднашаванда мерасонанд.

 

Муродбекова М.Ҳ. – мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like