Раёсати таълим
Нурбоев Набиҷон Мўминович – сардори раёсати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Вазифа ва ҳадафҳои асосии раёсати таълим
Мақсади ниҳоии ҳар як муассисаи олии таълимӣ дар ҳама давру замон ин тайёр намудани мутахассисон –соҳибкасбони арзанда ба соҳаҳои гуногун ва мушаххаси хоҷагии халқ мебошад. Дар макотиби олӣ, раёсати таълим мақоми асосиро дар ташкил, танзим, ҳамоҳангсозӣ ва таҳлилу натиҷабардории раванди таълим дар ҳамаи низомҳои таҳсилот дорад. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ин махзани маърифат (августи соли 1993) қисми таълим дар ҷадвали штатии ин муассиса, ҳамчун сохтори таркибӣ пешбинӣ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Баъдтар он бо номҳои қисми таълим, шуъбаи таълим ва раёсати таълим номгузорӣ шудааст.
Раёсати таълим бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли 2012 (бар ивази шуъбаи таълим) ташкил карда шудааст. Ҳадафи фаъолияти раёсати таълим – ин ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ ва муаммоҳои таълим, ки барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд, ташкил ва танзими корҳои ҷузъие, ки барои таъмини раванди мунтазами ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат мекунанд, такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва дар арсаи байналхалқӣ (диққати асосӣ ба гузариши мунтазами таълим ба тариқи низоми кредитӣ дода мешавад), дар ҷараёни таҳсили донишгоҳ мунтазам татбиқ намудани муҳимтарин навгониҳои илм-техникӣ, дастовардҳои навтарини илму технологияи муосир, такмил ва густариши раванди таълим.
Мусоидат ба дарёфти усулҳои навин барои ҳарчӣ бештар ва ҳамаҷониба ҷалб намудани донишҷўён нисбати азхудкунии фанҳои таълимӣ ва баланд бардоштани шавқмандӣ нисбати тахассусмандгардӣ, бо фароҳам овардани шароити мусоид ба донишҷўён ва омўзгорон дар истифодаи технологияҳои замони муосир бештар гардонидани шавқу ҳавас дар азхудкунии маводҳои таълимӣ, ташаккул ва ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи сифати таълим бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар ва хориҷ аз он. Мунтазам тавсия бахшидани равобити берунаи донишгоҳ.
Такмили дурнамои иштироки фаъолонаи донишгоҳ дар низоми таълими байналмиллалӣ, аз ҷумла дар низоми кредитии таҳсилот, таҳким ва ғанӣ гардонидани пояҳои эҷодиву офаридгории навгонии омўзгорон дар самти сифати таҳсилот, мусоидат намудан ҷиҳати таҳкими ҷанбаҳои зеҳниву захираҳои илмии донишгоҳ дар истифодаи самараноки васоити илмиву техникӣ дар раванди таълим. Ҳамзамон, густариш бахшидан ба самтҳои фаъолияти таълимӣ ва методии донишгоҳ ва заминаҳои истифодаи самараноки васоити илмиву техникӣ дар раванди таълим дар донишгоҳ мебошад.
Фишанги ташкилу идораи илман дурусти таълим ва умуман дигар рукнҳои қайдёфта асосан дар зиммаи якҷояи сохторҳои асосии таълимгоҳ ба монанди қисми таълим (бахши таълим, раёсати таълим, департаменти таълим бо зерсохторҳояш) ва деканати факултетҳою кафедраҳои мактабҳои олӣ мебошад. Он бевосита ба нақшагирии фаъолияти мақсаднок – ҷараёни таъминотӣ ташбеҳ дошта, дар ташкили раванди таълим бо истифода ва такя ба санадҳои ҳуқуқию меъёрии таъиноти асосӣ, соҳавӣ ва дохилӣ бо муназамии истифодаи якчанд ҳуҷҷатҳо ва ба сомонрасонии корҳои зерин дар ҷамъбасти соли сипаришаванда ва оғози соли хониши нав амалӣ мегардад:
- Ба эътибор гирифтани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисос ва Барномаҳои таҳсилотӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
- Нақшаҳои намунавии таълимии ихтисосҳо, ки тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад;
- Нақшаҳои кории таълимӣ оид ба курсҳо ва ихтисосҳои шуъбаҳо (бо назардошти дарбаргирии хоҳиши кулли донишҷӯён дар дархости фанҳои интихобӣ (эллективӣ) ва омўзгорони дарсдиҳанда);
- Ташкили маъракаи муаррифинамоии (презентатсияи) силлабусҳо ва барномаҳои он омӯзгороне, ки донишҷӯён бояд интихоб намоянд;
- Муайян намудани ҷадвали раванди таълим аз рӯи ихтисосҳо ва курсҳо, теъдоди гуруҳҳои академӣ, забаргурӯҳҳо (потокҳо), дарсҳои лабораторӣ, зергуруҳҳои забонӣ ва ғ.;
- Дастурамал ё низомномаи донишгоҳӣ оид ба банақшагирии меъёри вақти сарбории омӯзгорони кафедраҳо ва таъмини ҳамкории саривақтии кафедраҳо, деканатҳо, қисми таълим ва сохторҳои дигари марбута;
- Ҳисоби соатҳо, сарбории омӯзгорон ва гунаи (вариант)-и пешакии ҷадвалҳои дарсӣ бо тамоми ҷузъиёташ (ҳуҷҷатҳои қайдгардида бояд то ба рухсатии меҳнатӣ рафтани омӯзгорон, муайян гардида бошанд);
- Фонди аудиторӣ (синфхонаҳо) ва басти таълимии ҳар як факултет бояд аз як марказ амиқан танзим шавад;
- Таъминоти саривақтии базаи моддию техникии кафедраву деканатҳо ва синфхонаҳои таълимию озмоишгоҳҳо аз тарафи қисми хоҷагӣ ва раёсати таълим;
- Таҳияву тасдиқи барномаҳои таълимӣ ва корӣ (силлабусҳо)–и фаннӣ то оғози машғулиятҳои дарсӣ дар асоси Нақшаҳои кории таълимии тасдиқгардида;
- Баррасӣ ва тасдиқи нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ва нақшаҳои кории кафедраҳо аз тарафи деканати факултет ва раёсати донишгоҳ ва ғ;
- Омоданамоии ҷадвалҳои доиршавии таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ҳимояи ҳисоботҳои он, фармоишҳои сафарбарнамоии донишҷӯён ба таҷрибаомӯзиҳо ва ғ.
Рақами телефони корӣ: 2-63-46.
Email: nurboevn@mail.ru
Зерсохторҳои раёсати таълим
+Маркази бақайдгирӣ ва машварат
+Бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот
+Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
+Маркази тестӣ
+Маркази таҳсилоти фосилавӣ
+Литсейи назди ДДҲБСТ
Маркази бақайдгирӣ ва машварат
Маркази бақайдгирӣ ва машварат хадамотест, ки дастовардҳои донишҷўёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии ў дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зиммаи хадамоти мазкур ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандўзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷў гузошта мешавад.
Мақсад ва фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машварат:
-идоракунии раванди таълим бо зоҳир намудани фаъолияти академӣ ва методии самаранок бо дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ;
-тартиб додани манбаи маълумот оид ба самт (ихтисосҳо)-и донишгоҳ;
-тартиб додани манбаи маълумот оид ба фанҳои таълимӣ барои ҳар як самт (ихтисос)-и донишгоҳ;
-гурўҳбандии фанҳои таълимӣ вобаста ба шакли омўзиши онҳо барои ҳар як самт (ихтисос) дар алоҳидагӣ;
-бақайдгирӣ ва нигоҳ доштани маълумот дар барномаи автоматикунонии раванди идоракунии таълим.
-омода намудани намуна (шакл)-ҳои ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷўён ва омўзгорон мутобиқи талаботи нақшаҳои таълимии корӣ ва фардӣ;
-интихоби пайдарпаии фанҳои таълимӣ аз рўи самт (ихтисос); -интихоби фанҳо дар асоси нақшаи таълимӣ;
-пешниҳод намудани варақаи интихобии фанҳо бо имзои ҳатмии донишҷў;
-ворид намудани маълумоти донишҷўён ба сомонаи донишгоҳ;
-муайян намудани дараҷаи азхудкунии дониш ва ташаккулёбии малакаҳои касбии донишҷўён (аз ҷониби садорати факултетҳо) ҳангоми гузаронидани мониторинг, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ;
-дар мувофиқа бо қисми таълим ташкил ва гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ дар факултетҳо, пешниҳоди натиҷаҳои он ба садорати факултетҳо ва раёсати донишгоҳ;
-тартиб додани варақаҳои имтиҳонӣ барои қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ, варақаи шахсии донишҷў;
-ташкил, назорат ва гузаронидани апеллятсияи донишҷўён дар мувофиқа бо комиссияи апеллятсионии донишгоҳ;
-ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва2) ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги академии донишҷўён;
-муайян намудани холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и донишҷўён барои ҳар як давраи академӣ (семестр) ва назорат аз рўи мувофиқат намудани он вобаста ба курсҳо муқарраркардашуда;
-ба садорати факултет ва қисми таълими донишгоҳ пешниҳод намудани рўйхати донишҷўёне, ки аз фанҳои алоҳида холҳои заруриро соҳиб нагардидаанд;
-тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ) барои ҳар як донишҷў;
-ташкили триместр (семестри иловагӣ).[/vc_column_text][/vc_tta_section]
Мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Абдуллоева Адолатҷон Толибҷоновна
Бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот тибқи Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, №303 таъсис дода шудааст.
Фаъолияти бахш дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, раёсати ташкили назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, амру фармоишҳои ректор ва Оинномаи донишгоҳ, қарорҳои шўрои олимон ва низомномаи бахш ба роҳ монда шудааст.
Мақсад ва вазифаҳои асосии бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот:
– баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад;
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот дар ҳамаи факултетҳо;
-гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабардории сифати таълим дар кафедраю факултетҳо;
-ташкил ва гузаронидани баҳогузории рейтингӣ дар якҷоягӣ бо факултетҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот дар донишгоҳ;
-гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабардории сифати таълим дар магистратураи донишгоҳ;
– ба амал баровардани назорат ва тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим, мониторинги сатҳи маҳорату малакаи истифода бурда тавонистани онҳо аз ҷониби омўзгорон ва донишҷўён;
-тартиб додани маводҳои баргузории санҷишҳои экспертӣ (тестҳо, саволномаҳо, варақаҳои диктант) барои гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот;
-таҳия ва такмили технологияҳои назорат ва худбаҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
-таҳлили комплексии натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷўён;
-таъмини талаботи ягона ҳангоми гузаронидани мониторинг, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
-ташкил ва рушди системаи иттилоотӣ дар соҳаи мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
-гузаронидани конфронсҳо, маҷлисҳо, семинарҳо бо мақсади такмили машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва корҳои мустақилона вобаста ба таҳлил ва ҷамъбасти маводҳои вобаста ба сифати таълим;
-таҳия ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ба Шўрои олимон ва ректори донишгоҳ;
-пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни таълим ва мукаммал гардонидани сифати таҳсилот ба Шўрои олимон ва ректори донишгоҳ;
-мунтазам ширкат кардан дар машғулиятҳои омўзгорон бо мақсади таҳлили сифати таҳсилот;
-санҷиши фаъолият ва чорабиниҳои деканат ва кафедраҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот ва мониторинги раванди таълим;
-санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот дар деканат ва кафедраҳо;
-гузаронидани мониторинг тавассути пурсиши варақавӣ (анкета) дар байни донишҷўён дар мавзуи «Омўзгор аз нигоҳи донишҷў»;
-таъмини иҷрои қарорҳои Шўрои олимон ва Шўрои методии донишгоҳ оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати машғулиятҳо;
-гузаронидани санҷиши назоратӣ оид ба иҷрои нақшаи дарсиҳамоии омўзгорон;
-санҷиши вазъи таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, аёниятҳо аз тарафи омўзгорон;
-ба роҳ мондани қабули омўзгорон ва донишҷўён оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот;
-идоракунии сифати таҳсилот тариқи камераҳои назоратӣ ва мониторинги раванди таълим.
Аз рўзҳои нахустини таъсисёбӣ, яъне аз 02.01.2008 то соли 01.09.2012 мудири бахш номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Солеҳбой таъин шуд. Баъдан вазифаи мудири бахшро солҳои 2012 – 2017 номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ашўров Соҳибназар Худойназарович ва дар соли хониши 2019-2020 Ахмедов Раҳматхўҷа ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи декабри соли хониши 2020-2021 инҷониб ба ҳайси мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоева Адолатҷон Толибҷоновна фаъолият доранд.
Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
Сатторова Манижа Амонҷоновна
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 19 майи соли 2009 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Низомномаи шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавонфаъолият менамояд.
Агар ба таърихи шӯъба назар кунем, дар вазифаи мудири қисми таҷрибаомӯзӣ А. Мавлонов солҳои 1994-1995, И. Ахмедов солҳои 1995-1997, И. Бойниёзов солҳои 1997-1998, А. Комилов солҳои 1998-2000., С. Ашўров солҳои 2000-2007, М. Каримов солҳои 2007, Д.С. Юсупов солҳои 2015-2016 М. Маҷидзода солоҳи 2016-2021, Набиҷонова М. Р тайи солҳои 2021-2023 фаъолият бурда, корҳои назаррасеро дар пешбурди кори шӯъба ба анҷом расонидаанд. Айни ҳол Сатторова Манижа Амонҷоновна вазифаи мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавонро вазифаи мудири шуъбаро бар зимма дорад.
Самтҳои фаъолияти шўъба: ташкил ва баргузор намудани намудҳои таҷрибаомӯзӣ; омода намудани маводҳои методӣ ва дастурамалҳо оид ба ташкилу баргузории таҷрибаомӯзии донишҷўён; таҳияи лоиҳаи шартномаҳои ҳамкорӣ ва баргузор намудани вохӯриву гуфтушунидҳо бо ташкилоту муассисаҳо бо мақсади ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён идоракунии низоми шуғли муваққатии донишҷӯён , мусоидат барои бо ҷои корӣ таъмин кардани хатмкардагон; тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, идораҳои давлатӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо мақсади бо ҷои корӣ таъмин кардани хатмкардагон.
Сардори Маркази тестӣ, дотсент Ҷабборов Абдуқудус Абдуманнонович
Маркази тестии донишгоҳ моҳи феврали соли 2014 бо мақсади дар сатҳи муосир ва шаффоф ба роҳ мондани ҷараёни санҷиши дониши муҳассилин бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст.
Мақсад ва вазифаҳои асосии фаъолияти Марказ:
- Ба таври автоматӣ гузаронидани санҷиши сатҳи маълумотнокии донишҷӯён;
- Таъмин намудани ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим бо иттилоот оид ба сатҳи азхудкунии фанҳои нақшаи таълимии ихтисосҳои донишгоҳ;
- Таъмини воқеият ҳангоми баҳодиҳии сатҳи дониш;
- Санҷиши дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ аз тарафи донишҷӯён.
- Мукаммал намудан ва ба меъёр овардани воситаҳои тадқиқи оммавии сатҳи дониш;
- Таъминоти методии технологияи таҳияи саволномаҳои тестӣ;
- Кор карда баромадани таъминоти методӣ ва техникии ҷараёни имтиҳоноти марказонидашуда;
- Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашуда;
- Таҳияи ҷадвали гузаронидани назорати марказонидашуда, бо ишораи фанни таълимӣ, оғоз ва интиҳои имтиҳонот ва рўйхати имтиҳонсупорандагон.
- Гузаронидани таҳлили натиҷаҳои назорати марказонидашуда;
- Кор карда баромадани намунаҳои шакли компютерии саволномаҳои тестӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ) ва ҳуҷҷатҳои зарурии ҷараёни назорати тестӣ;
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18.02 2014 с., № 05/2-681) қабули имтиҳонҳои ҷорӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ, имтиҳоноти хатми ихтисосњои факултетњои инноватсия ва теллекомкникатсия, бањисобгирї ва андоз дар маркази тестии донишгоҳ ба намуди тестӣ дар маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Имтиҳони тестӣ тариқи барномаи dem.tj ташкил ва баргузор мегардад.
Марказ бо кафедраҳо – оид ба таҳия ва пешниҳоди маводҳои тестӣ, бо шӯъбаи таълим – оид ба масъалаҳои таҳияи (графикӣ) ҷадвали имтиҳоноти марказонидашуда, бо садорати факултетҳо – оид ба ташкилу ҷараёни гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда дар факултетҳо, бо шӯъбаи технологияи инноватсионӣ – оид ба ҷиҳатҳои шабакавӣ-техникии гузаронидани имтиҳоноти марказонидашуда, бо шӯъбаи ҳуқуқ – оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва риояи санадҳои ҳуқуқӣ, бо раёсати рушди инноватсионии донишгоҳ – оид ба барномаи dem.tj ва модулҳои тест ҳамкории бештар дорад.
Дар марказ мутахассисон Шамсиев Абдумаҷид Азизович ва оператор, барномасоз Қаюмов Абдуқайюм Абдурозиқович фаъолият мебаранд.
Таълифоти илмӣ