Ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои таҳкими худшиносӣ ва муқовимат зидди ифродгароӣ

Таъсири ҳар гуна ақида, падидаҳо ва  хабару маълумоте, ки бо воситаҳои ахбори умум ҳоло паҳн шуда истодаанд ба роҳу равиши зиндагӣ, тафаккури сиёсӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва ҷаҳонбинӣ метавонад таъсири ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, мутахассисони ҷавон  бояд то  сатҳи  ба замони муосир мувофиқ ва дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шаванд, то ки онҳо дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти маънавии худро эҳсос намоянд. Аз ин рў, мавриди тайёр ва тарбияи мутахассисон, тарғибу ташвиқоти пайваста қарор дода шудани арзишҳои  милливу  маънавӣ,  ҳамчун  падидаи нодир пешрафти раванди ташаккули ҷомеаи бофарҳангро  таҳким мебахшад.

Рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ муаммоҳо ва масъалаҳои гуногунро   ба миён меорад, ки ҳалли самараноки онҳо  аз воқеан амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз  маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ вобастааст.Таҳкимии арзишҳои  иҷтимоии миллӣ, асосҳои миллии давлатдорӣ ва самаранокии амалишавии меъёрҳои ҳуқуқиро мо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, мувофиқан бо баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳли ҷомеа таъмин карда метавонем.  Аз ин рў, имрӯз дар  ҷомеа масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва заминаи муҳими пешрафт табдил ёфтааст.

Мутаасифона сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқии аҳолӣ беҳбудиро талаб мекунад. Аксарияти нафароне, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро бо таври кофӣ намедонанд ва аз надонистани қонун даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо мезананд. Лекин, надонистани қонун  ягон шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Бинобар ин, тарғибот ва  ташвиқот, ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ оид ба асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлат, ба ташаккули рўҳияи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, пешгирии экстремизм ва терроризм ва дигар масъалаҳои аҳамияти умумиҷамъиятидошта мусоидат мекунанд. Чунки ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи эҳтиром ба қонун, оштинопазирӣ нисбати ҷиноят ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, экстремизм ва терроризм, ба маълумоти аҳолӣ расонидани иттилоот оид ба мазмуни санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон чораҳои хеле самараноканд. Муҳим он аст, ки дар гирдбоди  бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҷавонони мо – ҳамчун нерўи асосии пешрафти ҷомеа фирефтаи арзишҳои ба фарҳанги миллии мо бегонаи давлатҳои Ғарб нашуда, арзишҳои иҷтимоии миллӣ, фарҳанг, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавиро таҳким бахшанд, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд. Ҷавонон бояд ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро саривақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ  вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар мебошад, ки баҳри таъмин намудани адолати иҷтимоӣ таъсис дода шудаанд ва амал мекунанд.

Худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании ҳуқуқию маънавӣ будани ҳар шахс, хусусан ҷавонон  қодир аст таъсири ҳар гуна зуҳуроти хавфнок ва таҳрибкориро, ки боиси нооромӣ, бесарусомон  сохтани ҳаёти осоишта мегарданд, пешгирӣ ва бартараф намояд.

 

Қобилов Б. Қ. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

You might also like