ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ ВА ТАҲДИДИ ОН БА СУБОТИ КИШВАР
“Касе, ки соҳиби иттиллот, ҳамон соҳиби ҷаҳон аст”
Натан Ротшильд
Дар замони таркиши иттилоотӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ, иттилоот на танҳо дониш ва пул, балки силоҳи пурқувватест, ки он дар дасти шахсони манфиатдор мебошад.
Коршиносон дар он ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо натиҷаи ҷанги иттилоотӣ аз ҷанги “анъанавӣ” назаррас харобовар мебошад. Аксари аҳолии кишваре, ки ҳадафи ҳамлаи иттилоотӣ қарор гирифтааст, ҳатто дар ин бора хабар ҳам надоранд.
Ҳадаф аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ин маъмулан тағйир додани низоми сиёсӣ дар кишвар ва ё то ҳаддал имкон заиф кардани бехатарии миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғ. мебошад.
Ҷанги “анъанавӣ” хеле гарон аст ва усулҳои иттилоотии таъсиррасонӣ ба он алтернативаи олиҷаноб буда, хеле самаранок ва аз таҷовузкор қурбонии зиёдро талаб намекунанд. Дар ҳама ҷо паҳн шудани Интернет ба пропагандистони муосир имкон медиҳад, ки қариб дар ҳар хона ворид шаванд ва тафаккури онҳоро мағзшӯ карда, ба ақидаи ғарази хеш ворид созанд.
Дар байни аҳолии мамлакатҳо – қурбонии ҳамлаи иттилоотӣ, фазои низоъ, ноумедӣ ба вуҷуд омада, тамоюли фаъоли афкори ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар фазои шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ маълумот ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби аҳолӣ, ки зиракии сиёсӣ ва дониши кофӣ барои таҳлил кардани онҳо надоранд, бо вокунишҳои беасос суръат мегиранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳассоси имрӯза равшан инъикос карда истодааст, ки бо воситаи иттилоот дар мамлакатҳои алоҳида табаддулоти давлатӣ, муноқишаҳои байнидавлатӣ байни миллатҳо ва динӣ ба миён оварда истодаанд.
Таҳлилҳои баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки хушбахтона мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафеду сиёҳро ҷудо карда метавонанд, вале ҷангиёни иттилоотӣ рӯз аз рӯз услубу тарзи мағзшӯ кардани аҳолиро такмил дода истодаанд. Таҳдиди иттилоотӣ барои мардуми мо хусусияти беруна дорад. Маҳз хоинони миллат бо дастгирии хоҷагони худ дар мамлакатҳои хориҷӣ истода, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам вокунишҳои беасосу ғаразнок намуда, кӯшиши мағзшӯ кардани мардумро доранд.
Аз ин лиҳоз, барои ба вартаи ғаразноки ҷангиёни иттилоотӣ вирефта нашудани мардум, хусусан ҷавонон ташкилу такмил додани чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилии равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро иттилоот зиёд аст, вале истифодабарандаи он худи инсон аст. Дар ин самт такмил додани донишу малакаи таҳлилии истифодабарандагони иттилоот пеш аз ҳама муҳим мебошад.
Каримов Р.А.-н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ