Ҷавоно, саҳм бигир дар рушди саноат ва ободии кишвар…
Дар қатори 10 кишвари ислоҳотгаро ҷойгир шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи муайян пайдо намудани он ҳар як пиру барнои онро водор месозад, ки ҳиссаи сазовори худро минбаъд ҳам дар ободиву пешрафти он гузорад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба ҷавонони кишвар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд. Ин таваҷҷӯҳ махсусан ба самти забономӯзии онҳо вобаста буда, қайд карда шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, яъне русиву англисӣ дар кишвар боз ҳам такмил дода шавад, то ин ки насли ҷавони кишвар бедушворӣ бо ин забонҳо мулоҳиза рондаву фикру андешаашро баён карда тавонад. Пешвои муаззами миллат дурусту бамаврид зикр намуданд, ки забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони модарӣ омӯхта шуда, дар ҳолати ба кор қабул кардану ба вазифаҳо пешниҳод шудани мутахассисон ба самти забондониашон диққати махсус дода мешавад. Дар партави ҳамин дастур ҳар ҷавони кишвар метавонад, ки забонҳои хориҷиро хубтар омӯзаду пешрафти ҳаёташро дар ин ҷабҳа таъмин гардонад, чунки тамоми шароитҳои забономӯзию имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд ва ҳатто мутахассисони варзидаи давлатҳои муқтадир барои омӯзиши ин забонҳо ҷалб карда шудаанд.
Дар самти дигар ҷавонони мамлакат ба омӯзиши фанҳои дақиқ тавассути эълон гардидани 20-солагии омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ раҳсипор гардида истодаанд, дар ҳақиқат ба омӯзиши чунин фанҳо солҳои охир ҷавонон нисбатан кам мароқ зоҳир карда буданд. Бо чунин дастуру пешниҳоди Сарвари давлат завқи ҷавонон нисбати омӯзиши фанҳои мазкур бештар гардида истодааст.
Ба назари мо ҳар ҷавони болиғе, ки имсол аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноатро ба пуррагӣ дарк намуд, аз оғози ин солҳо сар карда ба ягон мактаби олии касбии техникӣ дохил шуда, мехонду онро хатм намуда, ё ҳунаре меомӯхт ва то охири ин солҳо ба рушди саноати кишвар ҳиссаи шахсии худро гузошта метавонад.
Яке аз самтҳои рушди саноат, ба андешаи мо, хубтару бештар омода кардани мутахассисони дипломдори соҳаи саноат ҳисоб меёбад, ки ҷавонони ояндасоз метавонанд ба ин самт равона гарданд. Заминаи асосии рушди саноат, аз як тараф бунёди корхонаи саноатии муосир бошад, аз тарафи дигар омода кардани мутахассисони хуби ин соҳа маҳсуб меёбад. Фаъолияти бомароми саноат, истеҳсоли молҳои ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, арзиши аслиаш нисбатан арзон ва идора кардани дастгоҳҳои истеҳсолии замони муосирро мутахассиси маълумотдор ба роҳ мемонад. Чунинанд самтҳои саҳм гирифтани ҷавонон дар рушди саноат ва ободии кишвари ҷоноҷони мо:
Агар мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,
Ки моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Кенҷаев Юсуфҷон – дотсенти ДДҲБСТ