ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ТАРҒИБГАРИ БАДБИНИИ ИҶТИМОӢ

Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кўтоҳ кишвари мо рў ба тараққӣ ниҳад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромўшшударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кўшиши Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикситони мо зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфт.

Аммо, баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони онҳо ба ном Ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки мехоҳанд, аҳли Тоҷикистонро аз нав ба низоъ андозанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан баъди истиқрори сулҳ соли 1997, аз 28 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон низ таъсис ёфта буд.

Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда,  тнҳо аз соли 2010 то соли 2015 45 нафар аъзои он ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва  аминияти давлат мебошад. Маҳз шурўъ аз соли 2010 тавассути рўзномаи «Наҷот» низоми диниро нашр намуда, бар зидди сохти конститутсионӣ нашрҳои бисёр аз чоп мебаромаданд. Бо ин амалҳои худ ҳхстанд сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон халалдор созанд.

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки  нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва  ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бинобар гуфтаҳои боло қайд кардан бамаврид аст, ки мардум ниёз ба ҲНИ надорад. Ба мо маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодир аст, аз ин лиҳоз моро мебояд то аз макру ҳилаҳои ташкилоти мазкур худро эмин нигоҳ дорем.

 

Кабирзода Г.Қ. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like