ДОИР БА ДАЪВОҲОИ БЕАСОСИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН
Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик аз азал мардуми сулҳҷӯ ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ҳол бо нияти ғасб намудан ба сарзамини ягон давлат лашкар накашидааст.
Давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳҷӯ пазируфта шуда, борҳо пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар минбарҳои созмонҳои байналхалқӣ доир ба пешгирии амалҳои террористӣ ва гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир садо дода, мавриди муҳокима ва қабул гардидааст.
Вале, дар вақтҳои охир мо шоҳиди он шуда истодаем, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сарҳад бад гардида, боиси талафоти ҷонӣ ва моддӣ гардиданд. Ба ҳамаи ин ҳодисаҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон маълумоте паҳн гардида истодааст, ки гӯё сабабгори ин ҳодисаҳо ҷониби Тоҷикистон бошад.
Боиси қайд аст, ки ин ҳодисаҳоро ҳаргиз ҷониби Тоҷикистон оғоз накардааст. Муносибати Тоҷикистон ва Қирғизистон бо дигар давлатҳои ҳамсоя ба ҳамагон маълум аст.
Яъне давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ боре ҳам Тоҷикистон бо ягон давлати ҳамсоя муносибатро бад накардааст. Вале Ҷумҳурии Қирғизистон борҳо бо давлатҳои ҳамсоя аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусносибатҳои худро вайрон намуда, мунтазам сабабгори бад гардидани вазъ дар минтақа мегардад.
Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки аъзои ҳукумати ҳозира ва аксарияти аъзои парлумони Ҷумҳурии Қирғизистонро намояндагони гурӯҳҳои мухолифин, криминал ва пештар ҳабсшудан ташкил медиҳанд. Табиати чунин инсонҳо чунин аст, ки онҳо мехоҳанд ҳамаи корро бо воситаи зӯрӣ ҳал намоянд. Вале кӯшиши онҳо, ки бо роҳи зӯрӣ ва ғасбкорӣ мехостанд сарзамини Тоҷикистонро ишғол намоянд натиҷа надода, аз ҷониби Тоҷикистон ҷавоби мушаххас ба онҳо дода шуд. Баъди шикаст онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки бо паҳн намудани ҳар гуна маълумот худро гӯё бегуноҳ нишон дода, ба ҳамаи нофаҳмиҳои дар сарҳади ду давлат ба вуҷуд омада, Тоҷикистонро айбдор намоянд.
Умуман, дар вақтҳои охир Ҷумҳурии Қирғизистон ба тамоми корҳои дар сарҳад бавуҷудомада ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор карда истодааст. Дар навбати худ бошад, аз сарчашҳмаҳо маълум мегардад, ки аз сарҳадбонони Тоҷикистон боре ҳам бетартибиро дар сарҳад оғоз накардаанд. Сарҳадбонони мо танҳо дифоъ аз марзу буми хеш намудаанд тамом.
Чанд рӯз пеш бошад, чархболи хурд барои сабт намудани видео, ки ба истилоҳ дрон меноманд, аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон дар ҳудуди Тоҷикистон дастгир карда шуд, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон таълуқ дошта, барои сабт намудани ҳолати Тоҷикистон равона карда шудааст. Инро мақомоти Қирғизистон чигуна шарҳ медода бошад?
Умуман, ҷониби Тоҷикистон аз азал ба ягон ваҷаб замини ҳамсоя бо чашми ғасб намудан нигоҳ накардааст. Вале ҳаргиз барои ғасб гардидани як ваҷаб замини худ роҳ нахоҳад дод. Мардуми Тоҷикистон тарафдори зиндагӣ дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ бо ҳамсоягон мебошад. Дар ҳолати дигар мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша омодааем, то ватани азизи худро ҳимоя намоем.
Саломов Д.Ф. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ