ТАДБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ КИШВАР-КАФИЛИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина амиқ мегузорад.
Хушбахтона солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаанд.
Танҳо дар сафари чоррӯзаи худ, яъне аз санаи 09 то 12 августи соли 2022 Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корхонаҳои саноатии Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом”, “Конибодом Паранда”, Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”, корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”, корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”, Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”, Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”, Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди истифода қарор доданд, ки тамоми иншоотҳо ба тарҳ ва фарогирии таҷҳизотҳои замонавӣ сохта шуда, дар таъмини сокинон бо ҷойҳои холии корӣ мусоидат менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки маҳз тадбиқи сиёсати Пешвои муаззами миллат буд, ки давоми ду даҳсолаи охир маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 288,7 сомонӣ ба ҳар нафар дар соли 2000, то ба 8800 сомонӣ дар соли 2020 расид, ки зиёдшавиион дар ин марҳила 29,5 маротибаро ташкил менамояд. Суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил вва мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар аз 700 миллион сомонии соли 1995 ба 82,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расид, ки ин шаҳодати зиёда аз 100 маротиба афзудани нишондиҳандаи асосии макроиқтисодии кишвар мебошад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2164 корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2000-ум ҳамагӣ 758 ададро ташкил медод, яъне дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз се маротиба афзоиш ёфтааст.
Даромади пулии аҳолӣ дар соли 2020 47 миллиону 986 ҳазор сомониро ташкил дода, нишондиҳандаи мазкур дар соли 2000-ум ҳамагӣ 9 миллиону 900 сомониро ташкил медод. Яъне даромади пулии аҳолӣ назар ба соли 2000-ум дар соли 2020 5,2 маротиба боло рафтааст.
Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 25,3% дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид.
Натиҷаи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аст, ки аз соли 2000-ум то соли 2020 дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 68,2 то 75,1 сол боло рафтааст, яъне қариб 7 сол зиёд шудааст.
Ахмедов Ш.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ