ҲЕҶ КАС БЕАСОС БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА НАХОҲАД ШУД
Халқи тоҷик дорои фарҳанг, таърих ва маданияти бой мебошад, ки назирашро кам андар кам халқҳои ҷаҳон дорад.
Ба гузаштагони бо нангу номуси худ назар андозем метавонем мисолҳо оварем, ки абармардони зиёде баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллати худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
Агар ҳазору сад сол қабл барои обрӯву нуфузи миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ талошҳои зиёде карда номи худ ва мардуми тоҷикро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт карда бошад, ҳоло талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона мардуми тоҷикро боз дар арсаи ҷаҳони маълуму шинохта намуданд.
Аммо имрӯз бархе аз нафароне ҳастанд, ки бо кирдорҳои ношоистаи худ ба миллати тоҷик иснод оваранд.
Мо Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳоро мисол оварда метавонем, ки бо кирдорҳои худ амалҳои ғайриқонунӣ аз қабили мубаллиғони гурӯҳҳои ҷиноятӣ номи мардуми тоҷикро дар давлатҳои хориҷа олуда месозанд.
Яке аз воситаҳои таъминоти моддии шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бо умеди дарёфти ризқу рӯзи ба Федератсияи Русия сафар мекунанд.
Чунин одамон аз вазъияти мушкили муҳоҷирон истифода бурда, бо роҳи фиребу дурӯғ ва ваъдаи маблағ онҳоро ба доми худ мекашанд ва оқибат аз онҳо як ҷинояткрорро сохта, ҳаёти онҳоро месӯзонанд.
Амалҳои ношоистаи чунин шахсон сабаб мешавад, ки шаҳрвандони Федератсияи Руссия нисбати кирдору рафтори муҳоҷирони тоҷик хулосаи нодуруст мебароранд.
Вале аз ин вазъият истифода намуда, хинони миллат ба монанди С.Садриддин, Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва чантои дигар, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд мехоҳанд мардумро зидди Ҳукумат равона намоянд. Бо гуфти онҳо гӯё ин нафарон бегуноҳ бошад. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд мардумро зидди давлат равона намуда, дар ҳар ҷо митингҳо ташкил намоянд. Мо митингҳои онҳоро дар Аврупо дидем, ки танҳо шаш нафар мебошанд. Ҳамон ҳам се нафаре, ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сиёҳ кунии Тоҷикистон машғул мебошанд ва се нафари дигари бо чеҳраи аврупоӣ, ки шояд онҳо аз ин корҳо ягон хабаре ҳам надоранд ва танҳо барои маблағ суратҳоро бардошта истодаанд тамом.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи моро мебояд то ба суханҳои ин хоинони миллат ҳаргиз бовар накунем ва ба корҳои ҷиноятӣ бо ҷалби ин хоинон даст назанем. Баробари ин, ба он наздиконе, ки дар муҳоҷират қарор доранд фаҳмонем то фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин ватанфурӯшон нагарданд.
Лутфуллоев М. – муаллими калони кафедраи СИ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ