Гурӯҳ ва лидери ғайрирасмӣ – захм дар бадани ҷамъият
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ба оромию осудагии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонид. Имрӯзҳо баробари ташаккули воситаҳои иттилоотию комуникатсионӣ аз фаъолият ва амалҳои ғайриқонунӣ, ки аксари чунин амалҳо маҳз аз ҷониби гурӯҳҳои ғайрирасмӣ иҷро мешаванд, на танҳо аҳолии маҳал, балки тамоми ҷаҳон бохабар мешаванд. Амал кардани гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ба суботу оромии на танҳо ҷамъият, пеш аз ҳама ба давлат таъсири зиёди манфиро мерасонад.
Якум, аҳолӣ аз тарс ва поймол шудани ҳуқуқи худ барои зиндагии шоиста ва ояндаи худ ҷаҳду талош накарда, доимо дар ҳарос қарор дошта, баҳри ояндаи худ ва наздикон сармоя ва воситаҳои моддию молиявиро афзун намекунанд.
Дуюм, аз ҷониби гурӯҳҳои ғайрирасмӣ борои расидан ба мақсадҳои худ ва нигоҳ доштани мавқеашон дар ҷомеа муборизаи байнигурӯҳӣ аз воситаҳои мухталиф истифода мебаранд, ки боиси ба таҳлуқа андохтани мардум мегардад.
Сеюм, муборизаи байни гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ва рафтори ғайриқонунии лидерони онҳо ба оромии ҷомеа таъсири калон расонида, ҷавонон ва шаҳрвандонро ба гирдоби мафкураи беадолатӣ, ҷинояткорӣ, бадбинӣ ва ғ. мекашад, ки дар натиҷа ба ҷомеа носолиму ҷангзада мегардад.
Чаҳорум, имиджи маҳал ва давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паст шуда, пеш аз ҳама ба муносибатҳои иқтисодии байналхалқии он зарбаи вазнин мезанад. Пеш аз ҳама, ба давлате, ки чунин гурӯҳҳо амал мекунанд воридшавии сармояҳои хориҷӣ барои рушди иқтисодӣ ғайриимкон мегардад. Бояд зикр намуд, ки ба воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба давлат таъсири сахти манфӣ расонида, ҳатто ба рушди соҳа монеи асосӣ мегардад. Ба ғайр аз ин сабаби асосии манъ шудани эмигратсия ва умуман ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии давлат мегардад.
Умуман аз гурӯҳҳои ғайрирасмӣ ва лидерони онҳо ба ҷамъият ягон нафъ набуд ва нест.
Имрӯзҳо барои рушду нумуи Тоҷикистон густариши робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ, нақлиётию сайёҳӣ масъалаи аввалиндараҷа мебошад, ки бидуни таъмини оромӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти молу мулк ва бехатарии хориҷиён ғайри имкон мебошад.
Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ин вазифаи ҷонии давлату ҳукумат аст. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон ва мардуми созандаю меҳнатдӯст гурӯҳбозӣ ва лидерии ҷамъиятиро маҳкум намуда, решакан намудани рафторҳои ғайриқонуниро ҷонибдорӣ менамоянд.
Каримов Р.А. -дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ