Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна – муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои педагогӣ

16 феврали соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1985, пас аз хатми мактаби миёнаи №18 – и шаҳри Хуҷанд ба факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1990 бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Соҳиби ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ мебошад.

Соли 1990 фаъолияти омўзгории худро дар мактаб – гимназияи №13 – и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти рус оѓоз бахшидааст. Солҳои 2001-2003 дар кўдакистони №27 – и шаҳри Хуҷанд ҳамчун мураббия – педагог фаъолияти меҳнатии худро идома додааст. Аз соли 2003 то 2005 дар ҶДММ «Спантамано» дар вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо ифои фаъолият намудааст. Аз соли 2005 то соли 2009 ба ҳайси сармуаллимаи кафедраи забонҳои Коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров фаъолият бурдааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 дар ДДҲБСТ аввал ҳамчун сармуаллимаи кафедраи забони русӣ, дотсенти кафедраи номбурда фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Соли 2010 муовини декан оид ба таълими факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъин гардид. Аз соли 2011 мудирии кафедраи забони русии донишгоҳро ба зимма дошт. Моҳи октябри соли 2014 муовини ректори ДДҲБСТ оид ба корҳои тарбия таъин гардид.

Соли 2009 дар Академияи таҳсилотии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Актуализация нравственно – мировоззренческих ценностей художественного текста в условиях интегрированного обучения русскому языку в школах Республики Таджикистан» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И.Х.Каримова дифоъ намуд. Муаллифи се монографияи илмӣ, 7 дастури таълимӣ – методӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ мебошад. Иштирокчии як қатор ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна дар донишгоҳ дар самти корҳои тарбиявӣ як зумра чораҷўиҳои муҳиму муфид роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”(аз 22 июли соли 2013, таҳти №1004), Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 марти соли 2006, таҳти №94), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, нақша ва чораҷўиҳои раёсати донишгоҳ шўъба фаъолияти ҳамарўзаи худро ба роҳ гузоштааст. Дар ин замина, идомаи соли таҳсил ҳамасола дар донишгоҳ 200 – 220 чораҷўии мухталифи тарбиявӣ доир мегарданд.

Таҳти роҳбарии ин олимаи ҷустуҷўкор дар донишгоҳ дастури тарбиявӣ – методии “Раҳнамои корҳои тарбиявӣ дар мактаби олӣ” омода гардида, ҳамасола моҳҳои январ ва феврал семинарҳои илмӣ – амалӣ бо иштироки васеи масъулони соҳаи тарбия ташкилу баргузор мегарданд.

Дар самти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ низ М.Ҷ.Хоҷаева мунтазам ва ҷиддӣ фаъолият мебарад.

Рўйхати таълифоти илмӣ: