НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОДГАРОИИ ДИНӢ

Ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Дар арсаи байналмиллалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Диққати рӯзафзун ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар ақсои олам, хоса дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати Исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат ун-нусра», «Ҷайш-ал-ҳур», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи кашида мешаванд. Мутаасифона байни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Ин аз огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошно гардидан ҷавононро дар шинохти воқеият раҳгум мезанад.

Тавре таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар чанд соли охир нишон медиҳад, маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифат ҳувияти миллии ҷавононро коста намуда, ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ осон мегардонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона афзуда, қисми онҳо аз сабаби паст будани сатҳи маънавиёт ба тарғиби ғояҳои ғайр дода шудаанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардидаанд.

Танҳо талошҳои якҷояи мо имконият медиҳанд, ки мушкилоти имрӯзаи ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи худи онҳо тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба манфиати рушди давлату ҷомеа ҳаллу фасл намоем. Мо омӯзгорон ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшоният, даҳшатнокии ҷараёнхои тундгароёнро эътироф накарда аз онхо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад.

Ба ҷавонон насихат мекунем, ки қадри тинҷиву оромии кишвар ва ваҳдати миллиро ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд.

Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан ва мардуми онро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан аст.

 

Қосимова М.И. – муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like