КАБИРӢ БА МАҚСАДҲОИ НОПОКАТ НАМЕРАСӢ!

Мусаллам аст, ки аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломанд ва гурӯҳу равияҳои ифротӣ аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳанд  мардумро гумроҳ намоянд. Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлатӣ ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ мебошад.Воқеан ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар, аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо, аз байн нарафтаанд. Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки аз кишварҳои мухталифи  дунё,  инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва надонистани  динии хеш, аз ҷумла ба доми фиреби ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи-24  ва равияҳои ифротӣ афтода, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд.

Санаи 9-уми майи соли 2022 мусоҳибаи роҳбари ТТЭ ҲНИ-Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори Радиои озодӣ, оид ба масъалаи ташкил намудани “Ҷиноҳи низомӣ ” дар минтақа мусоҳиба анҷом дод.

Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки гуруҳбозиҳои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ буд ки давлати мо як маротиба ба ҷанги шаҳвандии хонумонсӯз рӯ ба рӯ шуд. Бо ҳар баҳона сабабҳои бедалел мехоҳанд ба сарзамини сулҳу субот ва ба мардуми баору номуси миллати тоҷик санги маломат мезананд.мСабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низоъву, кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.Дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегонагон дода нашаванд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии навбатиаш бо хабарнигори Радиои озодӣ озодии мардумро баҳона карда, хостааст аҳолии кишварро, махсусан ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли моро ба доми худ кашад ҳатто парда пӯшонад мардумро даъват намуд, ки алайҳи Ҳукумати қонунии кишвар зид баромада, ҳамчун мухолифини кишвар гуруҳи терористии навтаъсис тавассути шабакаҳои интернетӣ бо даъвати хоини кишвар Муҳиддин Кабири ташкил кунад. Умуман, аз суханрониҳои М. Кабирӣ бар аъло эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум мебошад. Ӯ мехоҳад, ки таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби наҳзатро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзид.

Маврид ба ёдоварист, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъи ҳампаймонҳояш ва дастгоҳҳои таблиғотиву ташвиқотияш бар ивази маблағ кӯшиши ноором сохтани фазои кишварро намуда, ҳадафҳои хоҷаҳои хориҷии хешро татбиқ кардан мехостааст. Кабирӣ фурухта шуда, миллионҳо долларо барои мақсадҳои касифона худ ба даст оварда, бо ин маблағҳо зидди миллату давлат ва халқи Тоҷикистон сар бардоштан мехостааст ва дар ин бармадаш бори дигар исбот кард, ки тавассути хоҷагони хориҷиаш мехоҳад ба мардум яроқ тақсим намуда, боз аҳолиро ба гуруҳҳо тақсим кунад ва ба вартаи нохушиву ҷангу ҷидол бикашад.

Мо албатта ҷавонони шуҷои ин Ватани маҳбуб, ки Тоҷикистон ном дорад, аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намуда, ба гапҳои бардуруғи хоинони Ватан алалхусус Кабирии саг бовар нахоҳем кард. Бинобар ин вазифаи асосии мо ҷавонон Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан мебошад.

 

Суҳроб Ҷалолов – мутахасиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like