ҶОМЕАРО БО ҲАМА ГУНА ИТТИЛООТИ ИҒОВАНГЕЗОНА НАБОЯД БА ИҒВО АНДОХТ
Дар замони имрўза ташвиқ ва баамалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад.
Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ шомил мешаванд. Ва дар натиҷа иштирокчии чунин хизбҳои терористӣ мешаванд. Мутаассифона ҷумҳурии мо низ аз ин гуна ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои он холӣ намебошад. Ба онҳое, ки таҳриргари ин ҳизбҳои терористию экстримистӣ мебошанд аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони муҳоҷир ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ ва ба вахшоният кашидани инсонҳои зиёди сайёра шуда истодаанд. Чунин ҳолат бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламравӣ кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ ва судии бисёре аз ҷумҳуриҳо таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад.
Имрўз , ки мо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунем ва мехоҳем давлати ҳуқуқбунёд пойдории давлатдории мо боқӣ монад. Дар айни замон бо пайравии Пешвои миллат мо имрўз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта шудем. Дар бораи дастовардҳои зиёде, ки имрўз ба онҳо ноил гардидем ва аз он ифтихор мекунем бисёр сухан гуфтан мумкин мебшад.
Терроризм ва экстримизм решаи хеле чуқур дошта, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.
Шаҳрвандони ҷумҳуриамон новобаста аз он ки ба кадом намуди дин пайравӣ кунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Чи тавре мо медонем дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аксарияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрав ислом буда, дини исломро муқаддас мешуморанд ва ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд.
Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ