ОСУДАГӢ ВА ОРОМӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ

Мо ҳамагон аз ҳодисаҳои вақтҳои охир ва афкори дар атрофи ному нанги Бадахшони сарбаланд ва мардуми он паҳнгардида, ки дар асоси иғвоангезиҳои душманони миллати тоҷик ба вуҷуд омадаанд, бетараф шуда наметавонем, зеро бетарафию бефарқӣ як бор мардуми шарифи кишварамонро қариб буд ба вартаи нестшавӣ расонад ва дигар онро мо роҳ дода наметавонем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ба мардуми шарафманди тоҷик имконият дод то ҷумхурии тозаистиқлоламон дар як муддати кутоҳи таърихӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардад. Ин ҳақиқатро хар як шаҳрвади комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтap мефаҳманд, дарк мекунанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷуёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистои ба номи Абуалӣ ибни Сино чунин таъкид намуданд: “Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасад. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад”.

Куллӣ мардуми Тољикистон хуб дар ёд дорем, ки солҳои душвори наваддуми асри гузашта фишору гирдиҳамоии як идда нерӯҳои дастнишондаи душманони берунӣ чӣ гуна давлату миллати тоҷикро ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ дучор карда, ба парокандагӣ рӯ ба рӯ намуду садҳо ҳазор сокинон гуреза шуданд.

Тинҷию оромии кишвари мо ба баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ ва ашхоси нохалаф намефорад ва онҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ба вуҷуд овардани нооромию нобоварӣ ва ба ин васила ба даст овардани даромади муфт тамоми кӯшиш ва талоши ғаразноки худро равона кардаанд.

Барои ҳамин ба якояки мардуми шарифи шаҳри Хоруғ ва хосатан тамоми ВМКБ муроҷиат карда, зарур мешуморем, таъкид намоем, ки кишвари тинҷу осудаамонро ноором насозем ва ба мақомоти ваколатдор имконият диҳем, то ҳолати бавуҷудомадаро боадолатона таҳқиқ карда, нисбати гунаҳгорон тибқи қонунҳои ҷорӣ чораҳои қатъӣ биандешанд. Ҳаёти воқеӣ борҳо собит намудааст, ки амалҳои мансабталошию возифахоҳӣ, маҳалгароию қонуншиканӣ, муштзӯрию беадолатӣ оқибатҳои нохуб ба бор овардаанд.

 

Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, дотсент

You might also like