ҶОНИБДОРӢ АЗ АМАЛҲОИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТӢ ХУД ҚОНУНШИКАНИСТ

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва ҳаммаслакони ӯро гарчанд дар асоси баъзе расонаҳо ҳамчун ғамхори халқ эътироф намоянд ҳам, ӯ худ ғамхор ва ҳамдарди халқ ба шумор намеравад, зеро ӯ бо мақсади таъмини кайфият худ танҳо фаъолият бурда истодааст. Бо мақсади равшан намудани ин гуфтаҳо як қатор таҳлилҳоро пеш меорем.

Дар натиҷаи таҳлили як хабаре аз “Радиои Озоди” маълум карда шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Ҳазмамон, аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд: 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа; 188- Бетартибиҳои оммавӣ; 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш; 200 – Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан; 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ; 237- Авбошӣ; 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк; 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият. Ҳамзамон тибқи ин иттилоот, дар қатори саркардаҳои ГМҶ (Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ)-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ҶТ нисбат ба Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, санаи таваллудаш 15-уми октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини кӯчаи 40-солагии шаҳри Хоруғ, хонаи 87, бекор, саркардаи ГМҶ-и ш.Хоруғ, низ огоҳии расмӣ эълон шудааст, ки Протоколи номбурда барои хонандагон замима мегардад.

Инчунин ҳангоми таҳлили дигар расонаҳо ба монандӣ: https://iarex.ru/news/39271.html низ маълум карда шуд, ки сабаб барои оғози амалиёти махсус дар Хоруғ ин кушта шудани генерали Амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад. Ташкилкунандаи ин ҷиноятро ҳукумат аз яке аз пешсафони маҳаллӣ Толиб Айёбеков мебинанд. Инчунин ҳангоми ташкили амалиёти дастгиркунӣ ӯ бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш берун аз ҳудуди мамлакат гурехта рафтааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо хулоса бароварда гуфтан ҷоиз аст, ки амал намудани чунин ашхосон ба монандӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Айёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович ҳамчун лидерони ғайрирасмӣ, ки худашонро ҳамчун ҷоннисорон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеъа меҳисобанд, лозим нест. Ҳамзамон онҳо зери ниқоби ҳифзу таъмини некӯаҳволии ҷамъият намуддор менамоянд, аммо дар асл танҳо аз паи таъмини нафсу лаззати манфури худ мебошанд.

Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳои болоӣ иброз намудан ҷоиз аст, ки мо ҷавонони давраи истиқлолият набояд тарафдору хизматгори чунин нафарони манфур бошем, балки кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки чунин нафарон халалдоркунандаи сулҳу субот гарданд.

 

Қосимов З. А. – ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like