ҶАВҲАРИ СИЁСАТИ КАБИРӢ ХИЁНАТ АСТ

Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад, обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад.

Халқи тоҷик ба вижа сарзамини Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрўз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳмӣ мартабаашро нигоҳ доштааст.

Дар солҳои охир дар қарни 20-21 мутааллиқ ба солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иктисодию фарҳангӣ ғӯта хўрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аҷдодӣ гаштанд.

Дар Тоҷикистони кунунии мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ» «Исломдўст» «пуштибони дини мубини Муҳаммад» харобиҳои зидди молӣ, ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрўманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад.

Ислом дар зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ҳаст дар мусулмонии мост.

Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард.

Агар аз ақидаи исломӣ:

Муъмин бародари муъмин;

-Моли муъмин хуни муъмин;

-Ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор;

-Худкуширо олам зишт эълон дошт.

-Аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгўй, тафриқаҷўй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои хориҷӣ кишвар садо баланд намекард.

Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гўр»-ро шиори худ мекард, мардумро омўхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.

Ба ақидаи Ҳазрати Бедил

Олами маънӣ шудему доғи чаҳл аз мо нарафт,

Кард илмҳои беамал моро хароб.

Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро таррақӣ намудан аст.

Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.

Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидравӣ,

Сухан гар чи гўи ҳамон бишнавӣ.

Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ў дар назди Худованд, виҷдон, ҷомеа рўйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад.

Ҳол он, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамози ибодаткунанда гирифта ўро таҳқир созад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди исломӣ баҳо медиҳад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар пойтахт масҷиди ҷомеъ барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор тарҳрезӣ шуда буд, сохта ба истифода додашудааст.

Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломдўст намешуд, ӯ дар қатори 500-мусулмони беҳтарин арзёбӣ мешуд?

Танҳо ҳамон шахсе ба ин соҳиб мешавад, ки нияти пок, дили чун оина соф, нерўи Рустамона ва ишқи Муҳаммадиро дар қалби кӯчак ҷой дода ва парвариш намояд.

Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрўза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.

Пирўзи аз иттифоқ хезад,

Парокандагӣ аз нафар хезад.

 

Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети “Инноватсия ва телекоммуниктсия”-и  ДДҲБСТ

You might also like