ПАЁМ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид, аз паёмҳои солҳои пешин фарқкунанда аст. Аз он сабаб фарқкунанда аст, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил намуданд. Дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳҳои пешрафт ва тараққиёти мамлакатро дар си соли истиқлолият ба пуррагӣ таҳлил намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар аксари соҳаҳо пешравиҳо ба амал омада, якчанд Барномаҳои давлатӣ амалӣ карда шуданд, ки натиҷаи онҳо ба ҳар яки мо аён аст.

Барои ҳарчи тезтар ба ҳадафҳои неку созанда ноил шудан, Сарвари давлат таваҷҷуҳи масъулини мақомотҳои идоракунии давлатӣ, соҳибкорони саховатпеша ва дигар субъектҳои хоҷагидориро ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои панҷ соли оянда ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои дахлдорро доданд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат диққати иштирокдоронро ба куллан тағир додани сатҳу сифати донишандӯзӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ҷалб намуда, таъкид карданд, ки агар мо барушди соҳаи илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳу сифати дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб соҳиб шуда наметавонем.

Дар яке аз суханрониҳояшои Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Бе рушди илму маориф ягон қадам ҳам пеш рафта наметавонем ва бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад!”.

Инчунин, дар ироаи паём зикр доштанд, ки ҷавонони донишҷӯйро то ҳадди имкон ба кору чорабиниҳои ба машғулиятҳояшон халалрасон камтар ҷалб намуда, дар қонунгузории кишвар, масъалаи ба таъхир гузоштани даъвати ҷавонони соҳибистеъдод, ки дар магистратура, доктарантураҳо таҳсил доранд, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, аз нав дида баромада шавад, чунки мо бо ин роҳ метавонем сафи олимони ҷавонро зиёд намуда, ба ҳадафи хеш вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳибкасб ноил гардем.

 

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир, дотсент            

You might also like