ДДҲБСТ: Вохӯрии директори Лоиҳаи Оғохони «Инсоншиносӣ» бо устодони донишгоҳҳои ҳамкори ш. Хуҷанд

15 марти соли 2022 тибқи иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.2022 таҳти № 08/34/02-271 вухӯрии директори Лоиҳаи Оғохони «Инсоншиносӣ» А. Ҳилолӣ бо устодони донишгоҳҳои ҳамкори ш. Хуҷанд дар заминаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ 21 нафар хатмкунандагони курсҳои «Инсоншиносӣ», устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок намуданд.

Вохӯрӣ бо мақсади табодули фикру андешаҳои иштирокчиён оид ба рушди минбаъдаи Лоиҳаи «Инсоншиносӣ» ва баланд бардоштани сифати таълими фанҳои гуманитарӣ ташкил карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мушовири ректори ДДҲБСТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдураҳим Ҷӯраев дар бораи таърихи ташаккул ва рушди Лоиҳаи «Инсоншиносӣ» сухан кард, инчунин директори лоиҳа Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ дар мавзуи «Фаъолияти Лоиҳаи Оғохони «Инсоншиносӣ» ва самтҳои рушди минбаъда» ва ҳамоҳангсози лоиҳа Обидхон Қурбонхонов дар мавзуи «Фанҳои гуманитарӣ бо забони англисӣ: ҷустуҷӯи шакли нави ҳамкорӣ» баромад намуданд.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои мазкур аз тарафи иштирокчиён таклифҳо оид ба барқароркунии фаъолияти марказҳои инсоншиносӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос дар асоси курси «Инсоншиносӣ», гузаронидани курсҳо бо тариқи онлайн ба миён гузошта шуданд. Аз љониби иштирокчиени вохурӣ, ки солњои гуногун дар заминаи курсњои гуногуни  «Инсоншиносӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд,    қайд карда шуд, ки «Инсоншиносӣ» бо мазмун ва усулҳои муосири таълимии худ  барои баланд бардоштани мањорати педагогии омўзгорон ва  сифати таълими фанҳои гуманитарӣ ахамияти бағоят  калон дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like