Такмили таҷриба дар заминаи ҳамкориҳо

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молияи Тошкант кормандону устодон ва роҳбарияти Парки технологии ДДҲБСТ аз Донишкадаи молияи Тошкант, паркҳои технологиву инноватсионӣ  дидан намуданд.

Сафари расмӣ  таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризоқулов Т.Р. дар Донишкадаи молияи Тошканд ва IT-Park ҷараён гирифт. Роҳбарияти Донишкадаи молияи Тошкант меҳмононро бо базаи моддиву техникӣ ва  IT-Park шинос намуданд.

Зимни муаррифии IT Park иброз шуд, фаъолияти он  барои оғоз ва ба бозор баровардани лоиҳаҳои ояндадори стартап пешбинӣ шудаанд.

Сипас гуруҳи корӣ бо дастгирии Донишкадаи молияи Тошкант аз IT Park ва IT Park Tashkent, ҶДММ TEXNOPARK  ва чандин субъетҳои хусусии соҳаи инноватсионӣ дидан карда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.

Сафар пур аз баррасии ғояҳои нави ҳамкорӣ, азхуд кардани таҷрибаи созмонҳои хориҷӣ дар рушди стартапҳои инноватсионӣ ва ташкили ҷойҳои кории дурдаст буд. Хамаи идеяю донишхои нав дар фаъолияти минбаъдаи мо инъикос меёбанд, иброз намуд, директори Парки технологии ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов.

Ҳамчунин зимни боздид бо роҳбарони донишкада вохӯриҳо доир гардида, муаррифии маркази акселератсия дар ДМТ баргузор шуд.

Боздид аз донишкада ва паркҳои технологиву инноватсионӣ бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълим, мубодилаи таҷриба ва амалинамоии соҳаҳои IT ва дар инзамина густариши ҳамкориҳо роҳандозӣ гардид. Шинсоии  гуруҳи корӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like