Саёҳат – анъанаи неки гузаштагон
Сайру саёҳат яке аз анъанаҳои неки гузаштагони мардуми тоҷик ба шумор рафта, сол аз сол аҳамияти он дар пешрафти зиндагии шахс ва рушди ҷомеа бештар мегардад. Аз қадимулайём бо мақсади таҳсил, тиҷорату зиёрат одамон ба кишварҳои дуру наздик сафар менамуданд. Майлу хоҳиш барои дидани маконҳои таърихӣ, табиати зебою афсонавии манотиқи олам, пешрафту тараққиёти илму фарҳанг, марказҳои илмӣ ва бархўрдор шудан бо тарзи зиндагии халқиятҳои кунҷу канори олам хоҳиш ашхоси худогоҳ ва соҳибмаърифатро новобаста ба монеаву мушкилоташ кам наменамояд. Аз байни донишмандони тоҷик кам набуданд нафароне, ки солҳои тўлонӣ умри худро дар сарзаминҳои дуру наздик сипарӣ карда бошанд. Яке аз мисолҳои барҷаста ин гуфтаҳо мутафаккири форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ мебошад, ки мувофиқи баъзе маълумотҳо ў зиёда аз 30 сол дар сафар қарор дошт ва ў дар осори хеш ин нуктаро чунин баён намудааст:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтўъ зи ҳар гўшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хўшае ёфтам.
Дар замонҳои пеш нисбат ба имрўз сафар кардан кори душвор ва пурхатар дониста мешуд. Хушбахтона, бинобар тараққӣ ёфтани теникаву технология сайру саёҳат ва сафар кардан ба гўшаву канори дунё саҳл гардидааст. Таъсис ёфтани ширкатҳои сайёҳӣ ва бунёд шудани инфрасохтор дар ин соҳа мушкилоти сафари сайёҳонро сабук намуд. Ба касе пўшида нест, ки сол аз сол давлатҳои ҷаҳон кўшиш менамоянд, бо роҳи сабук намудани механизми додани раводид ба хориҷиён ва мўҳлати бақайдгирии онҳо, сайёҳони бештарро ҷалб намоянд. Хушбахтона, солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои наверо рўи кор оварда истодааст, ки он бешак ба пешрафти ин соҳа таъсири назаррас мегузорад.
Дар ин робита «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 заминаи муҳим барои ҷалби бештари сайёҳон ва воситаи расидан ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар хоҳад буд. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад»
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати зебою нотакрорӣ, кўҳҳои осмонбўс ва обу растаниҳои шифобахш буда, метавонад ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ҷалб намояд ва бо ин роҳ дар пешрафти иқисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон «Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019»-ро қабул намудааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа муайян гардидааст. Мувофиқи консепсияи мазкур, то соли 2020 ташрифи бештар аз 1 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки барои расидан ба ин нишондиҳандаи баланд сохторҳои дахлдори давлатӣ чораҳои зарурӣ бояд андешанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби сайёҳӣ даромади кишварҳои ҷаҳон сол аз сол меафзояд. Мувофиқи иттилои Созмони ҷаҳонии туризм, мизони даромади кишварҳо аз соҳаи сайёҳӣ соли 2016 дар маҷмўъ 1200 млрд доллар будааст. Аз ин миён даромади солонаи Туркия аз туризм 27,7 млрд доллар, Макао 27,8 млрд доллар, Австралия 31,4 млрд, Британия 36,115 млрд, Тайиланд 42,1 млрд, Италия 43,9 млрд, Чин 51,7 млрд, Франсия 56,1 млрд, Испания 60,4 млрд ва Амрико 139,6 млрд долларри ИМА-ро ташкил намудааст.
Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромади соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон сайёҳон (ташрифи байналмилалӣ) 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. ташриф расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудуди 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон соли 2018 эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ боз ҳам бештар рушд намояд. Мутаасифона вазъияти ноороми солҳои аввали соҳибистиқлолӣ на танҳо ба беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, балки сабаби қафомонии соҳаи иқтисодии мамлакат гардид. Гузашта аз ин, вазъи ноороми дохилии кишвар намегузошт, ки сайёҳони хориҷӣ ба ин сарзамин азми сафар намоянд. Дар ҳоле, ки суботу оромӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба шумор меравад. Дар ин маврид Саъдии Шерозӣ, ки худ солҳои тўлонӣ дар сафар буд ва таҷрибаи мусофират дошт, амнияту оромиро омили муҳими ҷалби на танҳо сайёҳон, ҳамчунин сармоягузорон унвон намудааст:
Кай он ҷо дигар ҳушмандон раванд,
Чу овозаи расми бад бишнаванд.
Шуниданд бозоргонон хабар,
Ки зулм аст дар буми он бехабар.
Буриданд аз он ҷо хариду фурўш,
Зироат наёмад, раият бисўхт.
Хушбахтона, ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо гардид. Баъди гузашти чанд сол шаҳри Душанбе яке аз амнтарин пойтахтҳои давлатҳо эътироф карда шуд. Дар натиҷаи кўшиш ва заҳамоти мурдуми тоҷик ва хоссатан Роҳбари давлат пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе барои саҳми бузургаш дар эҷоди сулҳ ва сулҳофарӣ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО ҳамчун «Душанбе – шаҳри сулҳ» гардид. Бо ин васила, нахустин замина барои ҷалби сайёҳон ба миён омад.
Қадами дуввум дар самти ҷалби сайёҳон ин ба талаботи замон мувофиқ намудани сифати роҳ, яъне соҳаи коммуникатсия ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар се стратегия қабул гардид. Яке аз он стратегия – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ба пешрафти рушди соҳаи сайёҳӣ алоқамандии зич дорад. мазкур то ба имрўз дар ин бахш корҳои хеле муҳиму назазррас анҷом дода шуданд. Нисбат ба чанд соли пеш сифати роҳҳо беҳтар гардида, айни ҳол боз чандин лоиҳаҳои хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Шўҳрат Саидзода, н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ