ШУКРГУЗОРЕМ, КИ ДАР ВАТАНИ ОБОДУ ОСОИШТА УМР БА САР МЕБАРЕМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад ва дар ҳақиқат ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Мо, халқи меҳнаткаши тоҷикистон то барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.
Имрӯз мо ҳамчун як шаҳрванд шукронаи тинҷиву оромӣ, шукронаи соҳибистиқлолии ватани азизу биҳиштосоямон Тоҷикистон, шукронаи роҳбари оқилу хирадманд, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем, ки ватану миллатро аз дасти нопоки хоинони миллат раҳо намуданд.
ТЭТ ҲНИ –ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ мебошад, ки аз ҷониби Суди олии ҶТ 29-уми сентябри соли 2015 созмони террористӣ эълон шуд, аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд ва чун даст доштани ин ташкилоти таҳрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ карда шуд, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуда, дар ҳориҷа зиндагӣ намуда, хизмати хоҷагои худро, албатта ба маблағи калон, иҷро менамоянд ва мехоҳанд Тоҷикистонро дигаргун бинанд.
Вале кишвар аз ин гул гул шукуфонӣ боз дигар хел шуданаш мумкин. Наход аз дур истода дар байни дигар давлатҳо сиёҳ кардани Тоҷикистону тоҷикистониён онҳоро ба мақсад ноил намояд. Ҳатто аз дигар давлату халқҳо шарм накарда, дар баромадҳои худ ватани аҷдодии худро сиёҳ намуда, суханҳои сафсата гуфта мехоҳанд дигаронро низ аз роҳ бероҳа менамоянд, ҳатто дини мубини исломро истифода менамоянд. Агар ин ашхос ватандору ватандӯст мебуданду шири сафеди модарро эҳтиром мекарданд, нисбати халқу ватану модари худ ин қадар хиёнатҳои зиёд намекарданд. Хиёнати ба ватан-Модар қардаи онҳоро ягон фарди солимақли ҷомеа намебахшад.
Ба ҳамаи носозиҳову вазниниҳоро нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқу миллати худро ба роҳи рост, созандагиву бунёдкорӣ ва зиндагии орому осоишта хидоят намуд.
Имрӯз сокинони дунё таҷрибаи Пешвои миллати моро оиди сулҳу ваҳдат омӯхта истодаанд.
Ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Точикистони маҳбубамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.
Мо шукргузорӣ он мебошем, ки дар Ватани ободу осоишта умр ба сар мебарем.
Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун фарди ватанпараст ва миллатдӯст фирефтаи макрҳои он гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагардем.
Мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳамулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккул диҳем ва барои ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии кишвар талош варзем.
Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ