Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мо
Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли қаноатмандӣ иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик як давраи саъю кушишҳои ватандустӣ, заҳмату талошҳои созанда баҳри пешрафт ва ободии ватан ба ҳисоб мерафт, аммо ин марҳила барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят сахту сангини таърихи буд. Президенти кишвар оиди самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, бахусус дар самти сиёсати дохилӣ масъалаҳои зеринро амиқ, ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ намуданд.
Дар ибтидои суханрони Пешвои миллат роҳи амали намудани тадбирҳои самарабахши 30 соли халқи тоҷикро чунин баён намуданд: “Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани равандӣ барқарорсозии баъди ҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ , ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қрзӣ,рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд”.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамаи ин омилҳои баёнгардида сабаби сиёсати хирадмандона ва некбинонаи давлат бо сарварии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар дохили кишвар масъалаи рушди иқтисодиёт пеш гузошта шуда буд. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 таъмин гардида, маҷмуӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 108 миллиард сомонии солои 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлати аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд” Ин натиҷаи татбиқи ратсионалистии ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро дар ин муддат дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат қариб чор баробар афзудааст.
Инчунин дар самти сиёсати дохилӣ ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шуда, дар ин муддат аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки дар натиҷа 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст.Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар барои тадриҷан беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони мамлакат 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ тасис дода шуд, музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзуд. Зиёда аз ин сатҳи кабизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 кҳиш ёфт. Дар ин муддат дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки нисбат ба соли 1991 –ум 5 сол зиёд мебошад, ин далелҳо яке аз беҳтарин дастоварди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳанд.
Ба таъбири Пешвои миллат “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад” аз ин рӯ сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар соҳаи бунёди маорифи миллӣ яке самтҳои афзалиятнок буд ҳаст ва мемонад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти байнанмиллалӣ ворид шуд. Оиди ин масъала Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “Бовуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омухтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик , боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омузиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табии, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад” Аз ин лиҳоз Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки вобаста ба талаботи муосир ва рушди технологияҳои иттилоотӣ лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия намуда , барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Инчунин дар самти сиёсати дохилӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба масъалаҳои фарҳанг ва эҳёи арзишҳои миллӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро аз нав эҳё намудани арзишҳои миллӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум , хусусан ҷавонон нақши босазо дорад.Мусаллам аст, ки баргузории “илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “ Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмунҳои гуногун агар аз як ҷиҳат баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум бошад, аз тарафи дигар тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ ва завқи зебоипарастии онҳо мебошад.
Вазъи имрузаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем.Афғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳое,ки дар гирдоби даргириҳо қарор доранд, шароити ниҳоят ҳассосу мураккаберо аз сар гузаронида истодаанд. Бинобар ин Пешвои миллат ҳангоми баромади худ дар бораи самтҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “Дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя то рафт шиддат гирифта истодаанд” Албатта Тоҷикистон нисбати ин ҳодисаҳои мудҳиши бетараф буда наметавонад ва сиёсати худро дар арсаи маълум кард. Аз ин рӯ сарвари давлати тоҷикон изҳор доштанд, ки “Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем,ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем…. Мо чунин мешуморем,ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад”
Ҳоҷиев Н.Н. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ