Изҳорот оид ба даъвати сокинон ба нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ва роҳ надодан ба ташкили гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ ҳамаи сокинони мамлакатро барои нигоҳ доштани сулҳу субот даъват менамоем. Сулҳу субот асоси рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад. Мо бояд ҳаматарафа сиёсати иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ки аз тарафи Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, пурра дстгирӣ намоем.

Дар натиҷаи фарогирии сулҳу субот дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷамъият мо набояд бетараф бошем. Таъкид кардан лозим аст, ки ҳама масъалаҳои ба вуҷуд омада бо таври қонунӣ баррасӣ карда шаванд. Бо воситаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ягон маъаларо ҳал кардан ғайриимкон мебошад. Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ дар ҷамъият нобоварӣ ва кинаю адоватро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа сатҳи зиндагии аҳолӣ паст мешавад.

Мо устодони кафедра боз як бор таъкид менамоем, ки ягона роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат – ин таъмини сулҳу субот дар кишвар мебошад!

 Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like