САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР ВА МИНТАҚА
Боиси ифтихор аст, ки бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми мо шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашида, обру ва нуфузи кишварро боз ҳам боло бардоштанд. Дар ин айём соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувортар намуданд. Барои чунин хизматҳои шоёнашон, шаҳрвандони кишварамон ба Пешвои миллат маҳбубияти хосса доранд.
Имрӯз, арҷгузорӣ ба Президент ҳамчун Сарвари сиёсӣ, ташаббускори созандаю бунёдкор ва қосиди сулҳ эҳтироми самимиест, ки шаҳрвандони кишварамон шукргузории худро дар ин рӯз ба Пешвои муаззам самимона изҳор менамоянд.
Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад, 14 ноябри соли 2016 қабул гардид.
Дар моддаи 2-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» чунин қайд карда мешавад, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки имрўз ҳукумати мамлакат бо назардошти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қишри ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкид намудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад.
Тибқӣ моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷавонон ин гурўҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад ва ин қишри ҷомеа дар ҷумҳурӣ аксариятро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон доимо афзоиши демографӣ сурат мегирад ва нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ва дар ин замина таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон аз ҷумлаи чунин тадбирҳои муҳим маҳсуб мешавад.
Таваҷҷўҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ин амрро ба таври воқеӣ ба субут мерасонад, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанўз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, даврабандии ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки соли 1993 cурат гирифт, метавон муқаррар намуд, ки баъдан дар заминаи он ташаккул ёфтани раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақш ва ширкати ҷавононро муқаррар сохтааст.
Гузашта аз ин, саҳм ва мақоми ҷавонон дар татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон асноди фаровоне ин ҳақиқатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол тавсеа пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рўшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва тарбияи аксари онҳо дар рўҳияи худогоҳӣ аз ин амри муҳим дарак медиҳад.
Бо шукўҳи хоса таҷлил гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз соли 1998 то кунун ҷараён мегирад, худ падидаи нодире ба шумор меравад, ки сиёсати давлати кунунии тоҷиконро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ифода менамояд. Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ҷоизаҳои махсуси илмӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷоизаҳо дар риштаҳои илм, маориф, адабиёт, ҳунар таъсис ёфтаанд.
Фузун бар ин, таъини стипендияи Президентӣ, стипендияҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба донишҷўён низ дар шумори тадбирҳо барои дастгирии насли ҷавон ва ояндасоз қарор доранд.
Дар баробари ин саҳми ҷавонон низ дар таҳкими арзишҳои олии Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи саросарии онҳо ҳамасола афзун мегардад.
Ҳанўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2017 қайд намуда буданд, ки «Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудем.
Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.
Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд».
Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Cарвари давлат баҳри рушди босуботи кишвар, ва муҳимтар аз он нигоҳдории сулҳу оромии ватан, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд ва карда истодаанд. Ҳамаи ин кўшишҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама баҳри таъмини муқаррарроти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар қисми сеюми моддаи 1-ум «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». – гуфта мешавад, равона мегардад. Воқеан ҳам мо ин муқаррароти меъёриро ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудем ва дар ҳамин шаклу сохтор рушди минбаъдаи кишварро дарк мекунем.
Насли ояндасози миллат ин бевосита ҷавонони миллати тоҷик буда, баҳри рушди ҳамаҷонибаи онҳо имрўз ҳамаи шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Зеро ҳақиқатан ҷавонон ояндаи миллатанд. Албатта дар замираи ана ҳамин гуна заҳмату талошҳои Пешвои миллат масъулияти баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, омодаи хидматҳои кишари худ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандии ҳар яки онҳо иникос меёбад.
Пайваста ба он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2021 ироа намуданд, ки «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.
Мо, ҷавонон воқеан ҳамарӯза таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлатро эҳсос мекунем. Аз файзи суботи сиёсии кишвар имрӯз барои мо, ҷавонон тамоми шароит ва имконот фароҳам аст.
Мо, ҷавонон хуб дарк мекунем, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин рӯ, ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошем. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти мо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гарданд ва нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳанд.
Зеро ба таъкиди Пешвои миллат мо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошем.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намояд.
Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.
Абдувоҳидов М. Р. – котиб коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва
байналмилалии ДДҲБСТ