ВАЗЪИЯТ ДАР БАДАХШОНЗАМИН ОРОМ АСТ

Ҳукумати мамлакат ва давлатмардони бохиради мо тавонистанд, қазияи Хоруғро бо роҳу воситаҳои сулҳомез ҳал намоянд ва нофаҳмиву нооромии кучакро пешгириву бартараф кунанд. Дар ҳама ҳолату вазъият Ҳукумати кишвари мо ҷонибдори сулҳу субот ва зиндагии осудаву оромии шаҳрвандон мебошад. Аз солҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз Сарвари давлат барои рушду инкишоф ва таҳкиму тақвияти Тоҷикистон  шабонарӯзӣ талошу заҳмат мекашанд.

Аз ин лиҳоз, мо мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳифзи якпорчагии кишвари худ ва оромиву ободии давлат саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки душманони миллату давлати мо ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ба он мақсаду ниятҳои нопоки худ бирасанд. Имрӯзи ободии ватан ва осудагии ҳар яки  мо дар дасти худи мо мебошад.

Қонунияту тартибот набояд вайрон гардад, зеро ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст.Биёед ҳама дар канори Роҳбари давлат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва мардуми сарбаланди Бадахшон ба иғво ва фитна дода нашавем.

Биёен камари ҳиммат баста дар бунёдкориву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Ҳама дар назди Қонун баробар аст! Ба ки зарар мерасонен албатта ба фарзанданатон, падару модар ва хешу наздиконатон.

Шукронаи ин Ватани орому осуда ва тинҷу ободро кунем. Фикри Ватани азизамон, фикри худ, падару модар ва фарзандонро фаромӯш набояд кард.

Онҳо ин осудагиву оромиро ки Пешвои миллат овардааст, аз ҳама чиз волотар медонанд. Аз расонаҳо низ хоҳиш, ки ба оташ равған нарезед. Фикри амнияту субот ва фардои Ватанро дошта бошем.

Бадахшон барои мо азиз чун бузургону олимони зиёд дар онҷо ҳастанд.  Мо ин сарзаминро сахт эҳтиром менамоем ва друст аст, ки мардуми сарбаланди Бадахшон ҳалиму меҳрубон ва дорои заковати баланду хиради азалӣ  мебошанд.

Бояд таъкид кард,  ки ҳама гуна амалӣ ғайриқонунӣ дар мизони қонун дида шавад.

Озодӣ ва ё он чӣ ном мебаранд, ин қонуншиканӣ ва қонунвайронкунӣ нест. Озодӣ маънои гирифтани тапончаву захмӣ намудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ нест! Ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Дар он тарафи марз вазъият ноором аст, ё ин ҳама эътирозҳоро Толибон сармоягузорӣ мекунад?

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ҳар гуна таҳлил мекунанд ва ҳатто террористони фирории наҳзатӣ ҳам бо бистучориҳои экстремист ин ҳолатро ба нафъи худашон шарҳ додани шуда, бо оташи хашми мардум равған мерезанд, ки ин хуб нест ва аз як ҷониб хиёнат ба арзишҳои инсонист.

Мо ба иродаву хиради азалии мардуми Бадахшон бовар дорам ва умед мебандем, ки  хулосаи амиқ мегиранду даст аз ин гуна эътирозҳо мебардоранд.

Туразода Ҷ. А. – дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like