ПРЕЗИДЕНТ – ИФТИХОРИ ҶАВОНОН
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки 15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағирот ворид намуд, ки тибқи он 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Заминаи таърихии ин ид иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикиситон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст.
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳони низ шинохта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба ин санаи муҳиму муборак дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб як зумра чорабиниҳои омаваӣ варзиӣ ва солимгардонӣ ташкилу роҳандозӣ гардид. Зимнан дар ин чорабиниҳо шумораи зиёди сокинони ҷамоъати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ва дигар наврасону ҷавонони шаҳр ширкат варзида аз ин рӯзи пуршукӯҳ истиқбол гирифтанд.
Бошад, ки Тоҷикистони азизи мо зери сиёсати муваффақу пурсамари Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозҳам ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расад ва Тоҷикистони мо аз баракати сулҳу оромӣ, ва иттифоқиву ҳамдигарфаҳмӣ рӯ ба пешравӣ дошта дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари озоду соҳибистиқлол ва демокративу дунявӣ боқӣ монад.
Туразода Ҷ. А. – дотсенти кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ