Ҳифзи амният, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қарзи шаҳвандии мост
Дар Тоҷикистон риоя ва иҷрои қонунҳо барои тамоми шаҳрвандон, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратию ҷамъиятӣ хусусиятӣ ҳатмӣ, умумӣ ва қатъӣ дорад. Чораҳои муқовимат зидди вайронкунии қонунҳо, ҷинояткорӣ ва ҳама падидаҳои он, қисми таркибии таъмини амният ва муҳити осоиштаи ҳаёти ҷомеа мебошад, ки ин на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии тамоми аҳли ҷомеа мебошад.
Кирдори хавфноки Зиёбеков Г.З., бо ҳамдастонаш, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро таъсис дода, ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, ӯро зери латукӯб ва шиканҷа қарор додаанд, боиси пайдоиши падидаҳои дигари хавфнок мешавад, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор месозанд. Аз ин рў, муқовимат бар зидди чунин падидаҳо ва паст кардани таъсири маълумоти таҳрифшудае, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби душманони миллат паҳн шудааст, бояд дар асоси маҷмўи тадбирҳои давлат ва ҷомеа анҷом дода шаванд.
Ҳодисаи дар ВМБК рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд, ки дар самти таъмини амнияти ҳаёти ҷомеа натиҷаҳои мусбат ба даст омада бошанд, ҳам вале то ба ҳол чораҳои андешида шуда, кофӣ нестанд. Фаъолият дар соҳаи муқовимат зидди ҷинояткорӣ ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро ҳама гуна низоъ ва иғво ба оромию осоиштагии мардуми мо зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Доираҳои манфиатҷӯ дар оғози ниятҳои ғаразноки худ тарғиботу ташвиқотро бо шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда, мақсади барпо кардани ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро доранд, баъд кирдорҳои хавфноки гуруҳҳои ҷиноятпешаро сарпарастӣ ва ҷонибдорӣ мекунанд. Тарщибу ташвиқи иғвоангези ин гуна руйдодҳо, шомил кардани ҷавонони кишвар ба ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ бештар бо воситаҳои ахбори умум аз хориҷи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, аз хиёнаткорӣ ба миллат дарак медиҳанд. Аз ҷониби дигар, воситаҳои ахбори давлатҳои ҳамсоя низ дар паҳн намудани чунин хабарҳо дар канор нестанд, ки боиси таасуф аст, лекин аз ҷониби дигар, дар нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ ҳушёрии танҳо худи мо зарур аст.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо иштироки шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои фаврии хусусияти маънавӣ, ташкилӣ, тарғиботӣ ва тарбиявӣ ногузир аст, ки барои таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шаванд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуда, ба механизмҳои ҳамоҳанги муқовимат ба зуҳуроти хавфноки иҷтимоӣ истифода намоянд, то ки гуруҳбозӣ, маҳалгароӣ, манфиатҷўии тиҷоратӣ, ташкили ҳама гуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар дохили кишвар ва роҳҳои дастгирии онҳо аз хориҷи кишвар ғайри имкон ва ба таври эътимоднок баста шаванд. Дар кишвар зидди ин зуҳуротҳои хавфноки номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби аҳли ҷомеа шаклҳои нави ҳамкорӣ (ба монанди марказҳои ёрии иҷтимоӣ, ёрии ҳуқуқӣ, телефони боварӣ, назорати ҷамъиятии тартибот дар ҳудуди маҳал ва ғайраҳо) такмил дода, бештар чораҳои ҳавасмандкунии ҷавонон ба касбомузӣ, ҷалби соҳибкорон, омузгорон, падару модарон ба корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шаванд. Зеро, ҳифзи амният, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қарзи шаҳвандии ҳар яки мост!
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
ДДҲБСТ