Қонун ва тартибот устувор аст

Имрўз ҳоло ҳам баъзе шахсоне ҳастанд, ки қонуну тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, ба қонуншиканӣ, содир намудани ҷиноят роҳ медиҳанд. Мисоли ин рафтори ҷинояткоронаи Гулбиддин Зиёбеков дар ноҳияти Роштқалъаи вилояти Қўхистони Бадахшонба шумор меравад. Ў чанде пеш бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш нисбати корманди прократура муносибати ғайриқонуни содир намуданд ва бинобар ин дар кофтуков қарор дошт.

25 ноябри соли равон ҳангоми хозир шудани кормандони мақомотҳои қудратӣ ў аз яроқ ба муқобили онҳо оташ кушод ва ҳангоми тирпарронӣ худи Г.Зиёбеков ярадор ва ҳалок гардид.

Пас аз ин дар маркази вилоят бо дастгирии ҳаммаслаконаш митинги ғайриқонунӣ ташкил карда шуд.

Чунин рафтори албатта рафтори ғайриқонунӣ мебошад, ки он фазои ҷомеаро халалдор намуд.

Дар ҷомеаи демократӣ қонун аз ҳама боло меистад. Бояд касе, ки набошад барои рафтори ғайриқонуниаш ҷавоб диҳад. Давлат вазифадор аст, ки бар зидди ҳар гуна қонуншиканию бетартибӣ мубориза бурда тартиби ҷамъиятиро таъмин намояд.

Қонун ва Конститутсия роҳ намедиҳад, ки ин ё он гурўҳи ҷиноятпеша ба кирдорҳои ғайриқонунӣ машғул гардида, аз ҷавобгарӣ озод гардад.

Бинобар ин рафтори Г.Зиёбеков ва ҳаммаслаконаш рафтори ғайриқонунӣ буда, онҳо бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Албатта ғурўҳҳои хоинони миллат рафтори Г.Зиёбековро тарафдори намуда, норозигии хешро баён намуданд.

Бояд имрўз шаҳрвандон хуб донанд, ки дар мамалакат тартибу қонуният устувор аст ва он бар зидди ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ мубориза бурда, аминяту оромии ҷомеаро таъмин менамояд.

Бинобар ин рафтори Гулбиддин Зиёбеков ва ҳаммаслаконаш рафтори ғайриқонунӣ буда, бояд ў ва рафиқонаш дар назди қонун ҷавоб диҳад.

 

Одинаев А. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ

You might also like