БА ГУРӮҲБОЗИҲО ВА ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БОЯД ХОТИМА БАХШИД
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иғво андохтан миёни қавму гурўҳҳои мухталифи ҷомеа ба шумор мераванд.
Андеша дорем, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Чанде қабл аз расонаҳои интернетӣ бархӯрдор гардидем, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров ном яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон ва як гурӯҳ тарафдоронаш бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба авзои ороми кишвари маҳбубамон хала ворид намудааст.
Илова менамоем, ки ҳаракатҳои номбурда ва фаъолияти ҳаммаслакони он муқобили қонунгузории амалкунанда буда, мо ҳуқуқшиносон рафтору кирдори ин шахсиятҳоро маҳкум менамоем.
Мутаъсифона ин ҳодисаро расонаҳои хабарии интернетии дар Тоҷикистон мамнӯъ истифода намуда, соҳибони ин расонаҳо бо ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирад субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро доғдор созанд, вале тирашон хато хоҳад рафт ва давлати ҷавону пуриқтидори Тоҷикистон ба онҳо посухи муносиб хоҳад дод.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо ба вайронкорӣ ва ҳадафҳои нопоки ин гуна шахсон, ки берун аз кишвар қарор гирифта, оромии моро халадор намудан мехоҳанд бо номуси тоҷикона, бо ифтихор аз марзу буми муқаддас бо маърифати созандагиву бунёдкори, пойдории субот ва ваҳдати комили кишвар посух хоҳем дод.
Мо пайравони даврони Истиқлоли Тоҷикистон дар таҷрибаи зиндагии хеш дидем, ки дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремистӣ ва террористие бо номи Наҳзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда, чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Оқибати фаъолияти ғайриқонунии ин ҳизб бо чи анҷом ёфт ҳамаи мо бархурдор ҳастем.
Ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда мегўем, ки ба хотири ин мулки аз ниёгон мерос монда мо бояд ҳушёр бошем ва дар ҳар қуҷое, ки бошем дар фикри ободӣ ва оромии Ватан бошем. Миллати мо ба номус ва бо фарҳанг ва миллати ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид буд ҳаст ва мемонад.
Санавваров Ғ. Б. дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ