ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ СУЛҲОВАР
Ба истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Дар ин давра Тоҷикистон ба як қатор мушкилиҳо дучор шуда бошад ҳам, яке аз мушкилоти паси саркардааш ин хомӯш кардани ҷанги бародаркушӣ мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мардумро ба осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ оварда расонида, кишварамонро ба яке аз кишварҳои тинҷиву осоишта ва ором дар ҷаҳониён шинохта истодаанд.
Вақтҳои охир аз расонаҳои расмии интернетӣ маълум аст, ки воқеъиятҳои дар Ҷумҳурии Афғонистон, ки аз тарафи толибон забт гардидани ҳокимияти давлатӣ ва дар Ҷумҳурии Қигрғизистон харидорӣ ва ҷамъоварӣ намудани аслиҳаҳои ҷангӣ, Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад.
Баръакс кўшиш намуда истодааст, ки ҳарчӣ тезтар ин мушкилотҳои давлатҳоро бо роҳи сулҳ бе истифодаи аслиҳаи ҷангӣ ҳаллу фасл намояд.
Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбар ба ҷаҳониён гуфта истодаанд, ки нисбат ба ин мушкилот ёрии мадад расонида, ҳарчи тезтар ҳаллу фасли онро ёбанд, то ки мардуми осоишта пароканда нашуда, дар макони худ оромона зиндагӣ ба сар баранд.
Инчунин, нисбати амалҳои Ҷумҳурии Қирғизистон оиди харидорӣ намудани аслиҳаҳои ҷангӣ аз дигар давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки бояд бо роҳи гуфтушуниди дутарафа ҳалли ҳудудҳои ду давлатро муайян намоем, на бо роҳи ҷамъварӣ ва худнамоишӣ балки бо роҳи якдигарфаҳмиву сулҳҷўӣ.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ҳарчӣ бештар ҳаллу фасли мушкилоти давлатро дар хомушии ҷангӣ бародаркушӣ ва ваҳдати миллӣ ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар зудтар он ба ишкишоф ва ормию осоиштаи мардум оварда мерасонад.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани факултети андоз ва андозбандии аз ДДҲБСТ