Нигоҳе ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон ва хатари он ба амнияти ҷомеъ

Аҳли ҷомеаи ҷаҳон аз вазъияти вазмини имрӯзаи Афғонистон нигарон шудааст,  расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рўзбамиён ин масъаларо барраси менамоянд. Албатта ба ҳамагон аён аст, ки вазъи сиёсии имрўзаи Афғонистонро пешакӣ аз ҷониби абарқудратон тарҳрезӣ шудаанд. Ин абарқудратҳо пеш аз ҳама манфиатҳои нохалафонаи худро ба роҳ мондани ҳастанд.

Барои мисол Амрико ҳамавақт мехоҳад қудратмандии худро дар тамоми дунё паҳн кунанд. Покистон бошад, барои васеъ кардани ҳадду ҳудуди кишвари худро ин нақшаи худро  амалӣ кардан мехоҳанд. Америка аз рўзҳои аввал як ҳадаф дорад ки барои амалӣ кардани он ҳамавақт мекушад: соҳиб шудан ба ин сарзамини мавқеаш мувофиқ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нохолифаш инчунин нест кардан ё берун рондани халқиятҳои ғайрипаштун ва  ба тобеи худ даровардани мебошаду халос.

Пас аз 20 сол сипари шудан, берун рафтани қушунҳои Амрико аз Афғонистон албатта нақшаи пешакӣ ба нақша гирифтаги аст. Амрико ба хуллосае омад, ки толибонаш пухта ва ққудратманд шудаанд, бигзор акнун мустақилона амал кунанд  ва хостаҳои ӯро ба воқеият табдил диҳанд. Дар асл , гуруҳи “Толибон”  ба хоки Афғонистон ягон ҳаққу ҳуқуқи моддию маънавӣ надоштанд ва надоранд.  Ин гуруҳи тундрави мазҳабиро, ки худро лашкари ислом меҳисобанд, аммо дар асл душмани ислом ҳастанд, Америка бо ҳамроҳии Покистон эҷод карда буданд. Ин шабу рӯз, дар ҳоле, ки “Толибон” худро соҳибдавлат тасаввур карда, мехоҳандтафаккури асримиёнагии динӣ-мазҳабиро ба сиёсати асри 21 ворид кунанд, ин ду давлат барои шинохта шудани  “Аморати Толибон” дар асраи сиёсии ҷаҳон аз минбари СММ ва васоити ахбори омма ба шеваи худ истифода бурдан доранд. Аммо хулоса баровардан мумкин аст,ки танҳо як қудрати террористӣ ба ҳайси давлати мустақил шакл гирифтани ҳаст. Дар ҳоле, ки “аморати исломӣ” аз аҳолии ғайрипашту манзили зист ва заминҳои кишташонро тасарруф мекунанд, қатлу куштори ғайринизомиён (масалан, дар Панҷшер), қасосгириро роҳандозӣ кардаанд ба муносибати беғаразонаи онҳо  ва дар кишвари  Афғонистон сулҳу амони интизор шудан мумкин  аст?

Толибон бо бераҳми зулму ситам ва кушторҳои ваҳшиёнаи худ мардуми сарзамини азияткашидаи бечораи афғонро чунон ба дод овардаанд, ки дигар ҳатто аз ҷони худ натарсида, мардуми зиёди ҷабрдида ба муқобили ин гурӯҳ баромада истодаанд. Таври ваҳшиёна кушта шудани мардуми аз ҷониби “Толибон”ва поймол гардидани ҳуқуқҳои ҳазораҳо онҳоро водор намуд, ки алайҳи ин гурӯҳ бархоста, ҷабҳаи муқовимат ташкил намоянд. Танҳо дар ду ҳафтаи охир ду масҷиди мардуми шиамазҳаб дар Афғонистон аз ҷониби Толибон  мавриди ҳамла қарор гирифта , садҳо одамони бегуноҳ, ки баҳри ибодат ба масҷид омада буданд, ҷони худро аз даст доданд. Ҳарчанд “Толибон”  худро душмани ДОИШ   муаррифӣ менамоянд, дар асл ҳадафи ин гурӯҳи террористӣ  як аст. Ҳатто ҷангиёни зархаридашонро ба сарҳадоти тоҷику афғон наздик оварданд. Ин амал аз он дарак медиҳад, ки “Толибон” хатари асосиро нисбат ба “аморат”-и худ аз Тоҷикистон чашмдоранд. Чунки ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшерро тоҷикони ин кишвар, соҳибони азали ин марзу бум, ҳарифони асосии “паштунмиллат” ташкил кардаанд…

Аслан ҳадафи “Толибон” ташкили давлати пуштунҳост. Барои расидан ба он Покистон илҳомбахш ва пуштибонашон аст. “Толибон” идомаи ҳамон ДИИШ-и Ал-Бағдодӣ ва дигар найрангбозиҳои Амрико аст. Ин навбат ҷои “Хилофат”-ро “Аморат” мегирад. Ба андешаи ин ҷониб СММ агар вобаста иродаи абарқудратони зикрашон рафта набошад, бояд нозириро як сӯ монда, қатъи амал кунад. Таҳдиду пӯписаи толибон нисбат ба Тоқикистон беҳадаф нест. Хоҷагонашон тавсия додаанд, ки Русияро асабӣ карда, ба майдони ҳарб бикашанд, ва бо ҳамин танг кардани мавқеи абарқудрати Руссияро дар  Осиёи Марказӣ дар нақша доранд.

Пуштибонии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тоҷикони Афғонистон ва дар водорӣ ба ташкиоли чк давлати фарогир ва манфиати халқу миллатҳои он , бисёр бамаврид ва ҷасуронаю дурбинона аст. Ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ оқибати амалҳои “Толибон”-ро хуб дарк кардааст.

 

Мирзҷонова М.Қ. мудири кафедраи  забони англисии ДДҲБСТ

You might also like