Тоҷикистон ҷонибдори пойдор кардани сулҳ  ва  пешгирии хатарҳо дар минтақаи Осиёи Миёна

Ғасби ҳокимият аз ҷониби толибон дар Афғонистон, таъқиби ҷоҳилонаи мардум, паногоҳ ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар ин кишвар боиси таҳдиду хатари ҷиддӣ дар минтақаи Осиёи Миёна низ  гашта истодааст. Бо назардошти ин вазъият, Тоҷикистон  баҳри роҳ надодан ба истифодаи қувваи мусаллаҳона дар муқовиматҳои минтақавӣ, ҳалли баҳсҳо ва ихтилофҳои байни давлатҳои ҳамсоя саъй намуда, ҳамкориро дар ҳалли масъалаҳои аманияти минтақа, вусъат мебахшад.

Соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шўрои аманияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҳдиду хатари терроризм ва экстремизм, падидаҳои номатлуб ва бадбахтиҳо дар минтақаи Осиёи Миёна, инчунин баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани сарчашмаҳои таҳдиди хавфи давом ёфтани  муноқишаҳои  мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳои  минтақа  қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум  карда,  барқарорсозии сулҳу суботи пойдорро бо роҳи таъсиси ҳукумати фарогири неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ даъват ва ҷонибдорӣ мекунад.

Лекин, то имрўз расонаҳои хабарии кишварҳои Аврупо бар хилофи ақли солим ва меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ муносибатҳои духӯраро пеша карда, ба чунин амалҳои  ваҳшиёна ва асримиёнагии толибон нисбати мардуми кишвари худ  бетарафиро ишғол мекунанд, ба намояндагони ташкилоту созмонҳои  ифротӣ, ба монанди ифротиён М Кабирӣ, М.Садриддин,  Ҳ. Ашуров ва дигарон думравони онҳо паногоҳ  дода, сарпарастӣ мекунанд. Дар доираи манфиатҳои гурўҳии худ ин кишварҳо аз дастгирию пуштибонии омилҳои барангезандаи  террор  рӯй намегардонанд, интишори иттилооте, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд,  маблағгузорӣ мекунанд. Ин амалҳо дар зери пардаи “ҳимояи ҳуқуқи инсон” як намуди даъват ва шакли паҳншудаи таъсиррасонӣ ба шуур ва иродаи одамон, ҷонибдории ноором кардани вазъият др минтақаи Осиём Миёна аст.

Маҳз чунин муносибати духӯра бо терроризм ва экстремизм имрўзҳо мардуми кишварҳои Украина, Кавказ, Афғонистонро ба низои мусаллаҳона ва бадбахтиҳо гирифтор кардааст.

Баргузорӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  дар Тоҷикистон собит менамояд, ки кишвари мо яке аз аъзоёни фаъоли каолитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори рушди фаъолияти каолитсияи байналмилалии муқовимат зидди маводи мухаддир аст. Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ташкили ҳалқаи амнияти дастҷамъӣ дар минтақа, густариш бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, мўътадил гардонидани вазъият дар Афғонистон, таҳия ва қабули Консепсияи ягонаи каолитсияи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм,  паҳншавии маводи мухаддир, ташкили сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар амалияи ҷаҳонӣ собиқаи нав гардида истодааст, ки маротибаи дигар садоқати Тоҷикистонро дар пойдор кардани сулҳ ва ҳамзиштии осоишта, пешгирии хатарҳои нав собит менамояд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like