Баҳисобгарӣ ва Андоз

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович –

декани  факултети баҳисобгирӣ ва андоз,  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар заминаи факултетҳои бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бизнес ва ҳисобгирӣ, технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирӣ бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №9 аз 24.01.2013 с. таъсис дода шудааст. Дар ташкилёбӣ ва такомули кафедраҳо ва ихтисосҳои факултет саҳми деканон н.и.и., дотсент Қурбонов З.Қ (1994-2000), н.и.т., дотсент Неъматов Т.Н. (2000-2001), д.и.ф.- м., профессор Исмоилов Д.И. (2001 – 2003), н.и.и., дотсент Набиева А.Я. (2003-2005), н.и.и., дотсент Дониёров М.Р. (2005-2006), н.и.ф. – м., дотсент Ғаюров Ҳ.Ш. (2006), н.и.и., дотсент Зокирова Ш.М. (2007-2008), н.и.ф. – м., дотсент Шерматов Ш.М. (2007 – 2009), д.и.и., профессор Абдусамадов Ғ.С. (2009-2011), н.и.и., дотсент Дадоматов Д.Н. (2011-2016), н.и.и., дотсент Мамадов С.В. (2016-2018) назаррас аст.

Ҳайати кадрии садорати факултет: Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултет; Кўзибоева Бароат Муродбоевна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини декан оид ба корҳои илми факултет; Раҳмонов Мубин Маҷидович – сармуаллим, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултет.

Дар факултет аз рўи ихтисосҳои 1-25.01.08 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 1.25.01.11 – аудит ва ревизия, 1-25.01.04-03 – андоз ва андозбандӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва ревизия, андоз ва андозбандӣ бо донишҳои фундаменталии иқтисодӣ ва  ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир мақсади фаъолияти факултет  ба ҳисоб меравад.

Теъдоди умумии донишҷўён дар факултет: шуъбаи рўзона – 701 нафар, таҳсилоти ғоибона (фосилавӣ)-533 нафар ва магистратура – 47 буда, ба таълиму тарбияи онҳо 25 нафар устодон ҷалб гардидаанд, ки аз он 10 нафар номзадони илм, дотсентон, 7 нафар сармуаллимон ва 8 нафар ассистентон мебошанд.

Раванди таълим дар 21 аудиторияи таълимӣ, 1 лабораторияи компутерӣ ва 3 синфхонаи методӣ вобаста ба ихтисосҳои кафедраҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст.

Таълифоти илмӣ

  1. Ализода Меҳваршоҳ- ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба самбо ва дзюдо-2018
  2. Юсуфзода Хайём-ғолиби олимпиадаи фаннӣ дар соҳаи иқтисодиёт байни факултетҳои донишгоҳ-2018
  3. Махсудов Аслиддин Фахриддинович ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс – 2019

Кафедраҳои факултети баҳисобгирӣ ва андоз

Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ моҳи сентябри соли 1996 дар асоси қарори  Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва  сиёсати  Тоҷикистон таъсис  ёфтааст, ки яке аз  кафедраҳои нахустини ДДҲБСТ маҳсуб меёбад.

Аввалин мудири кафедраи баҳисобгирии  бухгалтерӣ ва аудит н.и.и, дотсент Қурбонов З.Қ. буда, ин вазифаро то соли 2000 – ум иҷро намудааст. Минбаъд вазифаи мудирии кафедраи мазкурро номзади илми иқтисодӣ, профессор, Ғозибеков А.Ғ (2000 – 2001), номзади илҳои иқтисодӣ, дотсент  Дадоматов Д.Н. 2010 – 2011), н.и.и. дотсент Адулллоев О.О (2012-2013) н.и.и, дотсент Акрамов  М.А (2013-2014), н.и.и. дотсент  Комилов  Р.А. (2014-2016) ба ўҳда доштанд. Аз моҳи сентябри  соли 2016 инҷониб  н.и.и. дотсент Дадоматов Д.Н. кафедраро роҳбарӣ мекунад.

Мақсад ва вазифаҳои кафедра омода намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба фаъолияти касбӣ дар бахши коркард ва таҳлилу баррасии тадбирҳои танзимкунандаи таъсиррасонии давлат ба иқтисодиёт, саҳмгузорӣ дар раванди рушди устувори иқтисодиёти кишвар тавассути тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи рақобатпазир бо салоҳияти баланди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар кафедра 14 нафар омўзгорон фаъолият менамоянд, ки 5 нафар дотсент, 3 нафар сармуаллим ва 6 нафар аассистент мебошанд. Омўзгорони кафедра аз рўи 21 фанни таълимии ба кафедра мансуббуда  машғулият мегузаронанд.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии кафедра ба ҳалли масоили арзёбӣ, таҳлил ва таҳияи омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон равона гардидааст. Мавзӯи илмии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмию тадқикотӣ барои солҳои 2015-2020 «Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар субъектони иқтисодӣ дар шароитҳои татбиқи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣмебошанд.

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ бо Ассосиатсияи муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосиатсияи муҳосибон ва аудиторони касбии вилояти Сугди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Эбикон Тоҷикистон” ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳо ва таъмини донишҷӯён бо ҷойҳои корӣ мунтазам ҳамкорӣ дорад.

Тел: +992928566665,

e-mail: dalerdn@mail.ru

1. Дадоматов Д.Н., Қўзибоева Б.М., Тоҷибоева М.Н. Назарияи ҳисобгирии муҳосибӣ. Комплекси таълимӣ – методӣ. - Хуҷанд, 2018. 255саҳ
2. Тоҷзод Д.Ҳ., Дадоматов Д.Н., Раҳмонова З.Н. Стандартҳои байналхалқии ҳисобгирӣ, ҳисоботи молиявӣ ва аудит. Комплекси таълимӣ – методӣ. – Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. – 188 с.
3. Абдуллоев О.О., Дадоматов Д.Н., Тоҷзод Д.Ҳ., Саидҷонов С.Ш. Баҳисобгирии молиявии муҳосибӣ. Комплекси таълимӣ – методӣ. – Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. – 176 с..
4. Дадоматов Д.Н., Саидҷонов С.Ш., Ҳайдарова М.Ҳ., Баҳисобгирии бонкӣ. Комплекси таълимӣ – методӣ. – Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. – 195 с.
5. Дадоматов Д.Н., Қўзибоева Б.М., Тоҷибоева М.Н. Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит. Комплекси таълимӣ – методӣ. – Хуҷанд, 2018. 365 саҳ
1. Икромов Ҳасанхӯҷа- хатмкардаи соли 1997, сармутахассиси андозсупорандагони калониРаёсати андози вилояти Сугд.
2. Умаров Баҳром- хатмкардаи соли 1997, сармуҳосиби ҶСП “Индиго Тоҷикистон”
3. Раҳимов Шавкат Азимовия- хатмкардаи соли 2000, сардори ҶСП “Арванд” ш. Душанбе.
4. Ҳабибов Бахтиёр -хатмкардаи соли 2000, сардори департаменти аудити дохилаи ҶСП “Арванд” ш. Хуҷанд.
5. Бойматов Фирдавс- хатмкардаи соли 2003, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” -и вилояти Сугд.
6. Бойматов Ҷамшед-хатмкардаи соли 2004 сардори шуъбаи иҷтисодии ҶСК “Бонки Эсхата” ш. Хуҷанд
7. Қаюмов Даврон Абдуманонович- хатмкардаи 2003-2008, сармуҳосиби ҶСК “Бонки Эсхата” ш. Хуҷанд.
8. Шамсиев Маъруфҷон-хатмкардаи соли 2010, сармуҳосиби ҶСП “Арванд” ш. Истаравшан.
9. Акрамов Рухшод Дилшодҷонович - хатмкардаи соли 2019, Филиали БДА Амонатбонк н.Б.Ғафуров
10. Ҷўраева Санамхон Нўмонҷоновна - хатмкардаи соли 2019, Филиали Бонки Эсхата н.Спитамен
11. Охунзода Махфуза хатмкардаи 2018-2019 ФҚҲ, «Имон Интернешнл» дар шаҳри Хуҷанд
12. Рукниддинова Мухтабар Улмасовна хатмкардаи 2018-2019, сармуҳосиби ҶДММ Ҳоҷи Абдулазиз ш.Хуҷанд
1.Дадоматов Далерҷон Нишонбоевич 2.Абдуллоев Олим Арипович 3.Қӯзибоева Бароат Муротбоевна 4.Саидҷонов Содикҷон Шарифҷонович 5.Тоирова Инобат Абдусатторовна 6.Ҷӯраева Муҳибахон Сулаймоновна 7.Нуриддинов Муҳиддин Баҳриддинович 8.Раҳмонова Заррина Насимовна 9.Тошматова Ҳусниҷон Мўминовна 10.Пӯлотов Мунир Мухтарович 11.Умматов Илёсҷон Аҳмадҷонович

Мудири кафедраи аудит ва ревизияи , номзади илмҳои иқтисодӣ,

дотсент Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна

 Кафедраи аудит ва ревизия моҳи июни соли 2016 тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (№10 16.06.2016) дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит таъсис ёфтааст. Тайи солҳои 2016-2017 вазифаи мудири кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Равшан Абдуқодирович, 2017-2020  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоев Ҳусейн Сайфидинович ба ўҳда доштанд. Аз соли 2020  инҷониб номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна ба ҳайси мудири кафедраи мазкур  ифои вазифа менамояд.

Кафедра  аз рўи ихтисоси 1-25.01.11 – аудит ва ревизия мутахасисионро барои фаъолияти пас аз хатм дар ширкатҳои аудиторӣ, корхонаҳои давлатию тиҷоратӣ, бонкҳо, палатаи ҳисоб, мақомоти андоз ва дигар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ омода менамояд.

Дар кафедра 8 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар дотсент,  1 нафар сармуаллим,  4 нафар ассистент мебошанд.  Омўзорон аз рўи фанҳои марбути кафедра – назарияи  аудит, назарияи назорат ва ревизия, ревизияи фаъолияти хоҷагидорӣ, аудит дар соҳаҳо, ревизия ва назорат, стандартҳои байналхалқии фаъолияти аудиторӣ, тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот, назорат ва ревизияи муассисаҳои буҷетӣ таълим медиҳанд.

  1. Ашуров У.З., Тоҷзод Д.Ҳ., Бобоев Ҳ.С. Тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ ва ҳисобот. УДК 330 ББК 65.052.2 Т 76, ҷузъи чопӣ 24. “Ношир”,  Хуҷанд. – 2019.
  2. Ҳайдарова М.Ҳ., Ашуров У.З., Валиева Д.М. Ташкили назорати давлатӣ. УДК 36.1/5 ББК 65.261.8 Ҳ 24, ҷузъи чопӣ 12,75. “Ношир”, Хуҷанд. – 2019.
  3. Ҳайдарова М.Ҳ. Назарияи аудит. ББК- 63.052.80 УДК-330 Ҳ-22, ҷузъи чопӣ 16,25 .“Ношир”, Хуҷанд. – 2019.
  4. Бобоев Ҳ.С., Ашуров У.З., Тоҷзод Д.Ҳ. Ревизия фаъолияти хоҷагӣ. Дастури ёрирасони таълимӣ: саволу ҷавобҳо оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит. УДК 36.1/5 ББК 65.261.8Ҳ 24 , ҷузъи чопӣ 12,75.  . “Ношир”,  Хуҷанд. – 2018.
  5. Бобоев Ҳ.С., Ашуров У.З. Дастури методӣ оид ба таҳияи рисолаи хатм барои ихтисоси 1-25.01.11. аудит ва ревизия,  ҷузъи чопи. 29.  “Ношир”, Хуҷанд. – 2019.
  6. Бобоев Ҳ.С., Ашуров У.З. Дастури методӣ барои таҷрибаомӯзии истеҳсоли пешаздипломии донишҷўёни ихтисоси 1-25.01.11. аудит ва ревизия. 2,79 ҷузъи чопӣ Хуҷанд. – 2019
  1. Бобоев Ҳусейн Сайфдинович
  2. Хоҷаева Марҳаматхон Исроиловна
  3. Рахимова Мархабоҷон Абдусамадовна
  4. Хайдарова Муслимахон Хусейновна
  5. Ашуров Умеджон Зайнидинович
  6. Валиева Дилфуза Мӯминовна

Салимова Муҳайё Музафаровна –

мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи андоз ва андозбандӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз дар асоси Низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 30.06.2003, №10 таъсис дода шуда, айни замон роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Салимова М.М. ба уҳда дорад.

Рисолати кафедра – омода намудани мутахассисони соҳаи андозбандӣ барои мақомоти андози кишвар ва корхонаву ташкилотҳо буда, кафедра кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро тарбия намояд.

Кафедраи андоз ва андозбандӣ кафедраи тахассусӣ буда, аз рўи ихтисоси   1-25010403 – андоз ва андозбандӣ мутахассисонро омода менамояд.

Самти илмии тадқиқоти кафедра бо масъалаҳои такмилдиҳии қонунгузории амалкунандаи андоз ва коркарди тавсияҳои амалӣ ба мақомоти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буда, устодони кафедра аз рўи равияи илмии кафедра корҳои илмию таҳқиқотиро пеш мебаранд.

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани мавқеи худ, кафедра бо кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва мақомоти ҳудудии он, инчунин ширкатҳои маҳаллӣ ҳамкории судманд дорад. Ҳамзамон, кафедра дар Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд намояндагӣ дошта, курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисосро ташкил ва баргузор менамояд.

1. Салимова М.М. Андоз ва андозбандӣ. Дастури таълимӣ. Хуҷанд: «Меъроҷ», 2019.-304с.
2. Салимова М.М. Андоз ва андозбандӣ: дар ҷадвал ва нақшаҳо. Дастури таълимӣ. Хуҷанд: «Меъроҷ», 2019. – 100 с.
3. Салимова М.М. Дастури методӣ оид ба тартиби таҳия ва ҳимояи рисолаи тахассусии хатм барои донишҷуёни ихтисоси 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ. Хуҷанд, 2019.-40 с.
4. Салимова М.М. Нишондоди методӣ оид ба тартиби таҳия ва ҳимояи рисолаи тахассусии хатм барои донишҷуёни ихтисоси 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ. Хуҷанд, 2019. – 38 с.
5. Салимова М.М., Обидова М.Р. Дастури методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомузии истеҳсолӣ барои донишҷуёни бахши 3-юми ихтисоси 1-25010403. Хуҷанд: «Меъроҷ», 2019. – 36 с.
6. Салимова М.М., Обидова М.Р. Дастури методӣ оид ба усули навиштани кори курсӣ барои донишҷуёни ихтисоси 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ. Хуҷанд: «Меъроҷ», 2019. – 32 с.
7. Ғаибназаров Ш.У., Маъмуров А.М., Абдуллоев М.М., Тоҷиев Д. Андоз ва андозбандӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе: «Ирфон», 2014. – 267 с.
8. Маъмуров А.М. Коргузорӣ дар мақомоти андоз. Дастури таълимӣ. Хуҷанд: «Ношир», 2013. – 120 с.
9. Абдуллоев М.М. Андозбандии соҳибкорони инфиродӣ. Комплекси таълимию методӣ. Хуҷанд, 2019. – 236 с.
10. Абдуллоев М.М. Андозҳои маҳаллӣ. Комплекси таълимию методӣ. Хуҷанд, 2019. -229 с.
1. Маъмуров А.М. –сазовори унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с. 2017)
1. Ҳомидов Ғолиб - хатмкунандаи соли хониши 2009-2010, муовини сардори Нозироти андоз дар ш.Истаравшан
2. Бегиджонов Хамза – хатмкунандаи соли хониши 2009-2010, мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар н. Б.Ғафуров
3. Султонов Илхом – хатмкунандаи соли хониши 2009-2010, сардори шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андоз дар ш. Хуҷанд
4. Исматов Хушруз - хатмкунандаи соли хониши 2010-2011, омузгори кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ
5. Раҳматуллоев Суҳроб - хатмкунандаи соли хониши 2011-2012, сармутахассиси Раёсати андоз дар в. Суғд
6. Шодиев Нозимҷон - хатмкунандаи соли хониши 2011-2012, мутахассиси пешбар дар Нозироти андоз дар н.Шаҳристон
7. Муҳаммадиев Муҳаммадтоҳир - хатмкунандаи соли хониши 2011-2012, мутахассиси пешбари ташкилоти қарзии ҶДММ «Матин»
8. Ҳасанов Ҷаббор - хатмкунандаи соли хониши 2011-2012, мутахассиси Нозироти андоз дар ш. Панҷакент
9. Умаров Абдуазиз – хатмкунандаи соли хониши 2016-2017, мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар н. Деваштич
10. Саидов Диловар - хатмкунандаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси Нозироти андоз дар н. Шоҳмансури ш.Душанбе
11. Хайруллоева Моҳру - хатмкунандаи соли хониши 2018-2019, мутахассиси Нозироти андоз дар н. Ашт
12. Ахмедов Нозимҷон – хатмкунандаи соли хониши 2018-2019, маъмури меҳмонхона дар ш. Истаравшан