Сиёсати байналмилалии Тоҷикистон – ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳал намудани қазияи Афғонистон аст
Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани вохуриҳои расмӣ ба якчанд давлатҳои Аврупо (Белгия, Ҷумҳурии Фаронса) сафар намуданд. Дар ҷараёни сафари расмӣ якчанд мулоқотҳо – аз ҷумла бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле , бо Раиси сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф баррасӣ карда шуд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар Афғонистон, хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт ҳаст, зеро таъмини амнияти Афғонистон омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии Фаронса зарур шуморида шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд. Дар баробари ин, дар рафти суҳбат Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон пешниҳод намуд, ки муколамаи миёни Ҷумҳурии Франсия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо таъсис дода шавад.
Лозим ба қайд аст, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.
Боиси тассуф аст, ки имрўзҳо вазъи сиёсии давлати Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ монда тибқи маълумоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъ дар Афғонистони ҳамсоя на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми давлатҳои аъзои ИДМ таҳдид мекунад. Номбурда изҳор дошт, ки:
“Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, ин вазъ барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, як таҳдид аст”.
Имрўзҳо, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз се миллион шаҳрванди Афғонистон пас аз ишғоли “Толибон” ба Покистон ва Эрон фирор кардаанд. Дар баробари ин, ташкилоти байналмилалии СААД дар он назар аст, ки афғонистониҳо бо ду сабаб – таъқиби ақаллиятҳои қавмӣ ва таҳдидҳои террористӣ кишварро тарк мекунанд.
Ба андешаи сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров, ин рақам тақрибан даҳ фоизи шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Ў қайд кард, тақрибан 500 000 нафар дар дохили худи Афғонистон муҳоҷир шудаанд ва ҳазорҳо нафари дигар, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ мекарданд, ба Вашингтон рафтанд.
Коршиносони байналмилалӣ низ андешаи онро доранд, ки тирамоҳи соли равон Афғонистонро гуруснагии оммавӣ таҳдид мекунад”. Сабаби ин ҳолат ба ақидаи коршиносони СММ, 80 фоиз кам кардани таъминоти нуриҳои минералӣ ва 40 фоиз кам шудани ҳосил аст. Инчунин вазъи иқтисодиёт, ки ба дастгирии молиявии дигар давлатҳо вобаста аст, бадтар мешавад. Дар айни замон роҳи қисми зиёде аз кумакҳо баста ва ҳисоби Ҳукумати Афғонистон дар хориҷ муваққатан боздошт шудааст.
Як ҳолати дигаре боиси нигаронӣ аст, ки фирори ноадлоатонаи низомиёни ҳарбии ИМА аз давлати Афғонистон боиси ба маблағи 85 миллиард доллар “мусаллаҳ” шудани ҳаракати мамнўи Толибон гардида имрўз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст.
Да асоси ин гуфтаҳо мо андеша дорем, ки сафарҳои хориҷии Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ ҳамоно далели он мебошад, ки дар масъалаи қазияи Афғонистон сиёсати Тоҷикистон устувор ва бо роҳи осоишта ҳал намудан асту халос.
Санавваров Ғ.Б. дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании ДДҲБСТ