Молия ва андоз

Абдулазизов Раҳимҷон Абдувалиевич – декани  факултети молия ва андоз,  н.и.и, дотсент

Факултети молия ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1996 таъсис ёфтааст. Аз оғози фаъолият факултет бо унвонҳои муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент, молия ва менеҷмент амал мекард. Аз соли 2007 унвони факултети молия ва соли 2023 факултети молия ва андозро ба худ касб намуд. Солҳои мухталиф роҳбарии факултетро олимони барҷаста, д.и.и., профессор А.Б.Мирсаидов (1996-2005), н.и.и., дотсент Ф.М.Сатторова (2005-2012), н.и.и, дотсент Д.Ҳ.Тоҷзод, н.и.и., дотсент Н.Н. Қаюмов (2016-2018), д.и.и., профессор Д.Д.Бобоҷонов (2018), доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷаева Д.А. (2019-2024) ба ӯҳда доштанд. Айни ҳол Абдулазизов Раҳимҷон Абдувалиевич  ба ҳайси  декани факултет фаъолият мебарад.

Теъдоди донишҷӯёни факултет: шуъбаи рӯзона 600 нафар, таҳсилоти фосилавӣ 580 нафар, магистрант 20 нафар, докторант 2 нафар. Раванди таълим дар 17 аудиторияи муҷҷаҳазонидашуда ба роҳ монда шудааст. Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 53 нафар омӯзгорони факултет ҷалб гардидаанд, ки  аз он  5 нафар профессор, 23 нафар номзади илм, дотсент, 5 нафар номзади илм, сармуаллим, 14 нафар сармуаллим ва 6 нафар ассистент мебошанд.

Факултет мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои 1-250104-молия ва қарз, 1-250104-02- кори  бонкӣ, 1-250101-назарияи иқтисодӣ (омӯзгори фанҳои иқтисодӣ), 1-250104-03-андоз ва андозбандӣ тайёр менамояд, ки дар сохторҳои гуногуни молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои бонкию қарзӣ, ташкилотҳои фаъолияташон бурунмарзӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 1-25.01.04-молия ва қарз аз ҷониби Агентии  аккредетатсия ва рейтинги байналмилалӣ аз аккредетатсияи байналхалқӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.

Ҳайати кадрии факултет: декани факултет, н.и.и., дотсент Абдулазизов Р.А., муовини декан оид ба илм н.и.и., дотсент Насимова М.А. муовини декан оид ба корҳои тарбия Сафаров  А.А., эдвайзери шуъбаи рӯзона сармаллима Валиева Н.

  1. Донишгоҳи давлатии идоракунии шаҳри Москва
  2. Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов  Донишгоҳи Деусто (ш. Билбаои Испания),
  3. Донишгоҳи Генуя (ш. Генуяи Италия),
  4. Донишгоҳи Тарту (ш. Тарту, Эстония),
  5. Донишгоҳи техникии Дрезден (ш. Дрезден, Олмон),
  6. Донишгоҳи Палацко (ш. Оломоутс, Чехия).
  1. Раҳимов А.М., Алиҷонова С.А., Хоҷаева М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –160с.
  2. Абдуқодиров Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи афкори иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –140с.
  3. Абдуқодиов Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни моделиронии раванди макроиқтисодӣ Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –135с.
  4. Рахимов А.М., Насимова М.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои ихтисосҳои ғайрииқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –128с.
  5. Исмаилова М.М., Хоҷаева М.И., Насырова У.И. Дастури методӣ оиди навиштани рисолаи кори курсӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ: макроиқтисод, ДДҲБСТ, 2019. –60с.
  6. Каримов А.А., Кенҷаев С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ,  барои ихтисоси иқтисодӣ. Хуросон,  – 244 саҳ.
  7. Шокиров Т. С., Ҳалимова М. Забони тоҷикӣ. Машғулиятҳои амалӣ ва КМРО. Хуҷанд, 2018.- 247 саҳ.
  8. Раҳматова Д.А., Ҳакимова Б. Комплекси таълимию методӣ аз фанни забони тоҷикӣ, барои ихтисоси техникӣ. Парки технологии ДДҲБСТ. – 2019,
  9. Каримов А.А., Кенҷаев С. Тоҷзод Д.Ҳ. Дастури таълимию методӣ. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён омили рушди фаъолияти эҷодист (барои донишҷӯёни соли якуми таҳсил).. Парки технологии ДДҲБСТ. – 2019
  10. Каримова М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни амалиёти бонкӣХуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –.237с
  11. Юсупова Д.Б., Акрамов М.А., Валиева Н.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни танзим ва назорати асъор. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –154 с.

12.  Тухтаев Т.М. Менеҷменти молиявӣ (назария ва амалӣ) /Китоби дарс ӣ .  Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –438с.

13. Шокиров Р.С. /Комплекси таълимию методӣ аз фанни таҳлили молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 324с.

14.  Шокиров Р.С., Темиров К.О., Низомаддинова З.Я. /Комплекси таълимию методӣ аз фанни молияи мамлакатҳои хориҷӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 280с.

15.  Шокиров Р.С., Раҳимова Н.Ш. Комплекси таълимию методӣ аз фанни молия ва қарз. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 217с.

16.  Самадов Р.И, Турдиматова П.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни молияи корхонаҳо. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 321с.

17.  Самадов Р.И., Исматов Х.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назорати молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 270с.

18.  Самадов Р.И., Исматов Х.Ҳ. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назорати молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 258с.

19.  Обидова М.Р., Бобоҷонов Д.Р. Комплекси таълимию методӣ аз фанни муносибатҳои байналхалқӣ, асъорию қарзӣ ва молиявӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. – 272с.

  1. Хоҷаева Д.А. – Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон – 2019 с.
  2. Насимова М.А. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Баланд кардани дараҷаи ҷалбкардани нуқтаҳои рушд дар иқтисодиёти минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» – (10.10.2019)
  3. Каримова М.И. –ҳимояи рисолаи номзадӣ  дар мавзӯи “Такмили муҳити ниҳодӣ дар баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08. 00. 01 – назария иқтисодӣ ( 29.12.2018)
  4. Самадов Р.И. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Идоракунии ҷараёнҳои ташаккулёбии иқтидори инноватсионии иқтисодиёти миллӣ» ҳимоя намудааст (15.09.2018)
  5. Сафаров А.Г. – ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои назарияивии мукаммалгардонии муносибатҳои пулӣ дар иқтисодиёти гузариш (05.2019).
  1. Каримов Садам – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25.01.04т, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди самбо дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини дзюдо
  2. Боқӣ Валимуҳаммад – донишҷӯи курси 4 ихтисоси 1-25.01.04т, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ  аз рӯи намуди самбо дар Ҷумҳурии Қирғизистон
  3. Камолова Мижгона, Дадобоева Муқаддас – гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд

Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна                                                      

   
Маълумот дар бораи худ Сана ва соли таваллауд: – 01.11.1976  Миллат: тоҷик

Суроғаи зист: ш.Хуҷанд, мкр-н 19, хонаи 2, ҳуҷраи 50

Телефон: моб. +992928000405

e-mail: dilrabo.hodjaeva@mail.ru

Маълумот: Олӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1999)

касби иқтисодчӣ-байналхалқӣ, тахассуси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ (2007), самт: 08 00 05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии қишлоқ
Доираи таваҷҷӯҳи илмӣ: Мавзӯи рисолаи номзадӣ: Конкурентоспособность хлопкового волокна и пути её повышения

Мавзӯи рисолаи докторӣ: Повышение конкурентоспособности рынка хлопковой продукции в Таджикистане

Фаъолияти меҳнатӣ Декани факултети молия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (аз соли 2018- то ҳоло)

Мудири кафедраи менеҷмент дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2015-2018)

Мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2010-2015)

Дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ ва муовини декан оид ба илми факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2009-2010)

Сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, раиси бонувон ва духтарони факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2007-2009)

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2000-2007)

Дастовардҳо: Зиёда аз 55 мақолаҳои илмӣ, 2 монографияи илмӣ, 4 дастури методӣ ва 7 комплекси таълимӣ-методӣ ба нашр расонидаам.
Фанҳои таълимӣ: Идоракунии сифат, идоракунии захираҳои инсонӣ
Маълумоти иловагӣ:

Таълифоти илмӣ      

 

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

 

 

 

Кафедраҳои факултети молия

Мудири кафедраи молия ва қарз  н.и.и., дотсент Каримова Муаззама Исматуллоевна

Нахуст дар донишгоҳ кафедраи молия ва қарз бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти №35 аз 06.12.1999 таъсис ёфтааст. Ҳамон вақт кафедраи молия ва қарз мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 06.04.00-молия ва қарз барои фаъолияти иқтисодӣ, ташкили идоракунӣ, таҳлил ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи молиёт, қарз, муомилоти пулӣ, фаъолияти бонкӣ, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суғурта, таъминот ва суғуртаи иҷтимоӣ тайёр менамуд. Кафедра  барои ташкили заминаҳои нави ташаккули раванди тадрис, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявию ғоявӣ дар кафедра кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Истифодаи самараноки ҷадиди усулҳои таълим, дарсиҳамоӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъолгардонии донишҷӯён, ташкил ва тайёр намудани аёният, дастурҳои таълимӣ доир ба кори мустақилонаи донишҷуён, маводҳои методӣ асоси ҷараёни кори кафедраро ташкил медиҳанд.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедра мутобиқи Нақшаи панҷсолаи (2015-2020) дурнамо дар мавзӯи «Низоми молияи давлатӣ, таркиб ва нақши он дар танзими муносибатҳои молиявӣ ва инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар» қабул гардида, кулли устодон ва олимони кафедра барои иҷрои вазифаҳои тадқиқот мутобиқи ҳадафи асосии он кор карда истодаанд.

Аз тарафи омӯзгорони кафедра мувофиқи барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳои тасдиқгардида барои 18 номгӯи фанҳои тахассуссӣ комплексҳои таълимӣ-методӣ омода карда шуда, дар асоси қарори ҷаласаи кафедраи молия ва қарз, қарори Шӯрои методии факултети молия ва қарори Шӯрои методии ДДҲБСТ чоп карда шудаанд, ки дар раванди таълим воқеан истифода шуда истодаанд. Кафедраи молия ва қарз яке аз кафедраҳои калидии факултети молия ба ҳисоб рафта, аз рӯи ихтисоси 1-250104 –молия ва қарз мутахассисони баландихтисос ва магистрантону докторони PhD омода менамояд.

Юсупов Даврон Сиддиқович – мудири кафедраи

кори бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи кори бонкӣ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 13 марти соли 2015, №7 таъсис дода шуд. Солҳои 2015-2016 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаюмов Наимҷон Набиевич ба ўҳда дошт. Аз соли 2016 инҷониб кафедраи мазкурро Юсупов Даврон Сиддиқович роҳбарӣ мекунад.

Мақсади асосии фаъолияти кафедраи кори бонкӣ –амалигардонии фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва методӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисодӣ, тахассуси кори бонкӣ ба ҳисоб меравад. Кафедра мутахассисонро барои фаъолият бурдан дар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, таҳлилӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи муомилоти пул ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суғурта, таъминот ва суғуртаи иҷтимоӣ мутобиқи тахассус тайёр менамояд.

Дар кафедраи кори бонкӣ 9 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 4 нафар сармуаллим, 2 нафар ассистент мебошанд. Омўзгорон аз рўи 18 фанни таълимии кафедра: фаъолияти бонкӣ, фаъолияти биржавӣ, маркетинги бонкӣ, менеҷменти бонкӣ, муомилоти пул, қарз ва бонкҳо, муомилоти пул, қарз дар мамлакатҳои хориҷӣ, пул, қарз ва бонкҳо, сармоягузорӣ, сармоягузории хориҷӣ ва МОИ, танзим ва назорати асъор ба донишҷўён таълим медиҳанд.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедраи кори бонкӣ мутобиқи нақшаи панҷсола барои солҳои 2015 – 2020 дар мавзўи «Рушди сегменти бонкӣ дар доираи иқтисоди хурди кушод ва шароити ҷаҳонишавӣ (дар мисоли ҶТ)» ба роҳ монда шудааст.

Кафедраи кори бонкӣ бо Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, БДАҶТ Амонатбонк, ҶСК Бонки Эсхата, ҶДММ ТАҚХ Арванд, ҶСП ТАҚХ Имон Интернешлн, ҶДММ ТАҚХ Матин ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳо ва инчунин барои таъмини донишҷӯён бо ҷои кори доимӣ ҳамкориҳои судманд дорад.

  1. Ҷаборов Ғ.Н. Комплекси таълимию методӣ аз фанни фаъолияти суғурта, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2015. –187 с.
  2. Исматуллоев С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни маркетинги бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2016. –164 с.
  3. Каримова М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни амалиёти бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –237 с.
  4. Юсупова Д.Б., Акрамов М.А., Валиева Н.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни танзим ва назорати асъор, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –154 с.
Каримова М.И. –рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Такмили муҳити ниҳодӣ дар баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08. 00. 01 – назария иқтисодӣ ҳимоя намуд (29.12.2018)
  1. Исомаддинов Ф.Б. хатмкардаи соли хониши 2014-2015 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар  ҶДММ ТАҚХ Арванд
  2. Амонов Амонулло - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  3. Илолова Ангома - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи интиқоли маблағ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар н.Ҷ.Расулов
  4. Маҳмудзода Сироҷиддин - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар БДАҶТ «Амонатбонк» дар н. Ҷ. Расулов
  5. Солимова Шукрона- хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  6. Дадобоев Акбарҷон - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  7. Замонов Абдумалик - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - хазиначӣ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ш. Хуҷанд
  8. Тошматов Бахтиёр - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шӯъбаи интиқоли маблағ дар ҶДММ ТАҚХ «Азизи молия» дар н. Ҷ.Расулов
  9. Ҷаборова М.И. - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 – мутахаассиси шӯъбаи илмӣ ДДҲБСТ дар ш. Хуҷанд
  10. Ҳайдарова Меҳрафрӯз - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар н. Ашт
  1.  Юсупов Давронҷон Сиддиқбоевич    
  2. Каюмов Наимдҷон Набиевич
  3. Каримова Муаззама Исматуллоевна
  4. Сафаров Алимаҳмад Гулович 
  5. Ҳафизова Парвина Абдувоситовна       
  6. Ҷаборов  Ғанӣ Набиҷонович                               
  7. Хакимов Файзулло Абдурасулович
  8. Шамсиева Мавзуна Зафаровна

Мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Салимова Муҳайё Музафаровна

Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович  – мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи назарияи иқтисодӣ бо фармони №9 аз 16.07.1994  ҳамчун кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва баъдтар бо фармони №5 аз 28.03.1995 бо номи кафедраи назарияи иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Аз оғози таъсисёбӣ кафедра дар таркиби факултети бизнес ва муносибатҳои ҷаҳонӣ,  аз 10.01.1997 то сентябри соли 2002 дар факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент ва аз моҳи сентябри соли 2002 инҷониб дар ҳайати факултети молия фаъолият бурда истодааст. Аз  соли 2023 вазифи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Маҳмудов М. ба ӯҳда дошт. Фанҳои умумитахассусии кафедра: назарияи иқтисодӣ, микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, иқтисодиёти давраи гузариш, танзими давлатии иқтисодиёт, таърихи иқтисодиёт, таърихи афкори иқтисод, ва нархгузорӣ фанҳои таълимии кафедра мебошанд. Ҳайати умумии кафедраро 3 нафар докторони илм, 4 нафар дотсент,  3 нафар сармуаллим ва 4 нафар ассистент ташкил медиҳад..

Кафедра фаъолияти худро тибқи нақшаи панҷсола дар мавзӯи «Дурнамои макроиктисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (вилояти Суғд)» ба роҳ мондааст. Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, дарсиҳамоӣ, истифодаи роҳҳову усулҳои фаъолгардонӣ, донишандӯзӣ, ташкил ва тайёр кардани дастурҳои кори мустақилонаи донишҷӯён самти муҳими фаъолияти кафедраро ташкил медиҳанд.

  1. Рахимов А.М., Алиҷонова С.А., Хоҷаева М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –160с.
  2. Абдуқодиров Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи афкори иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –140с.
  3. Абдуқодиов Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Моделиронии раванди макроиқтисодӣ Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –135с.
  4. Рахимов А.М., Насимова М.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои ихтисосҳои ғайрииқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –128с.
5. Исмаилова М.М., Хоҷаева М.И., Носирова У.И.  Дастури методӣ оид ба навиштани кори курсӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ,  макроиқтисод, ДДҲБСТ, 2019. –60с.
Насимова М.А. - рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Баланд кардани дараҷаи ҷалбкардани нуқтаҳои рушд дар иқтисодиёти минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» санаи 10.10.2019 бомуваффақият ҳимоя намуд

Кафедраи забони тоҷикӣ бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон аз сентябри соли 1994 чун кафедраи забонҳо таъсис ёфтааст. Он  кафедраи забон ва адабиёти    тоҷик ва  забони арабӣ (2000);  забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ (2006); забони тоҷикӣ (2012) ном гирифтааст.   Дар ихтиёри кафедра таълими фанҳои забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, хати ниёгон, адабиёти халқҳои ҷаҳон, маданияти нутқ буд.

Мувофиқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 20.09.2012 ба номи кафедра тағйирот ворид гардида, кафедраи забони тоҷикӣ ном гирифт. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кафедра то ба имрӯз олимони зерин ба ҳайси мудири кафедра кор кардаанд: К. С. Абдуллохоҷаева –н.и.филологӣ, дотсент (1993-2000), С. Ҳоҷиев– н.и.филологӣ, дотсент (2001-2003), Т.Бердиева– д.и.филологӣ.,проф.(2003), А.Сайфуллоев–д.и.филологӣ, проф., (2003-2005), Б. Бобоҷонова– н.и.филол., дотсент (2005), Раҳимов И. –д.и.филол., проф.(2006-2012) ва Т. С. Шокиров–д.и.филол., проф.(2012 -2017), аз соли 2017 инҷониб А.А. Каримов–н.и.филологӣ, дотсент.

Солҳои гуногун дар кафедра кор кардаанд: д.и.филол.,профессорон –Т. Бердиева, А. Сайфуллоев, И.Раҳимов, н.и.филол.,дотсентон –К.С.Абдуллохўҷаева, И. Нуров, Ф. Сатторова, Р. Сайфуллоева, Ю. Кенҷаев, М. Камолов, М. Аҳмадов, М. Раупова, С. Кенҷаев, М. Ҳалимова, А.А. Каримов, Б. Ҳакимова, М. Атамуллоева, омӯзгорон– С. Бобоев, М. Раҷабова, М. Фаёзов, М. Шарипова, М. Пўлодова, М. Ф. Голованова, Т. А. Давидкина, З. Тўраева, Г. Ҷ. Шокиров, М. Мирниёзов, Раҳматова Д.А.,  Шералишоева, С. Марофиева, М.Т.Каримова ва диг.

Кафедра умумидонишгоҳӣ буда, устодони кафедра дар ҳамаи 6 факултети донишгоҳ – молия, бизнес ва идоракунӣ, инноватсия ва телекоммуникатсия, ҳуқуқшиносӣ,  баҳисобгирӣ ва андоз, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, ҳусни баён, таърихи адабиёти ҷаҳон машғулиятҳои амалӣ, лексионӣ, КМРО доир  менамоянд.

Кафедра фаъолияти худро дар партави супоришу таъиноти Президенти кишвар, қарорҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Шўрои олимони донишгоҳу факултетҳо, бандҳои Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.10.2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2021» ва нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда, то имрўз доир ба тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ гардонда истодааст:

Профессорону устодони кафедра дар нашрияҳои писандидаи КОА-и ВМ ва ИФР, дорои Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ), маҷаллаҳои илмии ИМА, Германия, Британияи Кабир, Украина, Ўзбекистон, нашрияҳои ҷумҳурӣ, ВАО мақолаву  рисола ва маводи интишорӣ ба табъ мерасонанд.

Айни ҳол ҳайати омӯзгорони кафедра  аз 1 доктори илм, профессор; 5 номзади илм, дотсент; 1 сармуаллим  ва 1 ассистент, 1 коргузор иборат аст.

Соли 2013 кафедра барои фаъолияти пурсамар ва таълифоти илмӣ ба гирифтани ҷоизаи “Кафедраи тиллоӣ”байни кафедраҳои донишгоҳҳои ИДМ гардид.

Дар соли 2018 кафедра сазовори чанд ҷоиза гардид: яке аз дастовардҳои бузурги он сазовори медали тилло дар намоишгоҳи байналмилалии Париж «LIVRE PARIS-2018» гардидани китоби «Юридические термины и их лингвистические особенности»(муаллиф Шокиров Т.С.) ва дигаре, дар озмуни “Кафедраи сол -2018” дар сазовори ҷойи дуюм гардидани он аст.

Кафедраи забони тоҷикӣ дар партави дастуру таъиноти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, қарору супоришҳои раёсати ДДҲБСТ ҷиҳати бо дастурҳои таълимӣ, асару сарчашмаҳои илмию назариявии ба раванди таълим вобаста таъмин намудани донишҷӯён ва китобхонаи илмии донишгоҳ як қатор КТМ, дастури таълим ва асарҳои илмӣ таълиф намуда, аз чоп баровардааст.

Бо мақсади таъмини омодагии ҳаматарафаи устодон аз фанни забони тоҷикӣ омўзгорони  кафедра вобаста ба тахассус комплекси таълимию методӣ барои донишҷўёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  (муаллифон Шокиров Т., Ҳалимова М.; Раҳматова Д., Ҳакимова Б.) таҳия намуда, барои чоп иҷозати Вазорати Маориф ва Илми ҶТ-ро гирифтаанд. Ҳамчунин, китобҳои “Забон равшангари дилҳост”, “Забон- рукни давлат”,-и профессор Шокиров Т.С., Забони тоҷикӣ. Машғулиятҳои  амалӣ ва маҷмӯаи машқҳо(КТМ барои донишҷӯёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, муаллифон Шокиров Т.С., Ҳалимова М.), Забони тоҷикӣ (Комплекси таълимию методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисодӣ, муаллифон Каримов А.А. ва Кенҷаев С., соли  2018-2020 ба табъ расиданд.

Дар айни замон  кафедра бо 26 кафедраи макотиби олии кишвар, 6 кафедраи забонҳои мамолики хориҷӣ ва 5 муассисаи тадқиқотии ватанию хориҷӣ робитаи илмӣ дорад. Ҳамчунин, чанд маротиба он-лайн дарсҳои професори кафедра Шокиров Т.С барои донишҷӯёни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва ИМА дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи кории илмӣ аз тарафи устодони кафедра корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимию методӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо барои солҳои 2020-2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ як қатор китоби дарсиву КТМ ва дастурҳои методиву мақолаҳои илмӣ бо Қарори Шӯрои илмию методии ДДҲБСТ рӯйи чоп омаданд. Аз он ҷумла, китоби дарсии “Забони тоҷикӣ”(барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ, муаллифон Каримов А.А. ва Кенҷаев С.), “Забони тоҷикӣ ва имлои он” “Фразеологияи забони тоҷикӣ” (муаллиф Шокиров Т.С.), Дастури таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ (муаллиф Ҳакимова Б.) “Забони тоҷикӣ” (барои гурӯҳҳои ғайритахассус, Шокиров Т.С., Ҳалимова М.). КТМ аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни ихтисоси гуманитарӣ (таълими рӯзона ва фосилавӣ, муаллифон Каримова М.Т., Шокиров Т.С., Марофиева С.Х. ) Таҳияи дастури КМД аз фанни забони тоҷикӣ   (муаллифон Каримова М.Т., Раҳматова Д.А.)

Таҳти сарварии Ректори донишгоҳ, муҳтарам Шарифзода М.М. ҳайати омӯзгорони кафедра- Каримов А.А., Шокиров Т.С., Мирниёзов А., Кенҷаев Ю. аъзои доимии комиссияи вилояти суғдии татбиқи раванди Қонуни Ҷумҳури  Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” буда, ҳамасола ҳуҷҷатгузориҳои корхонаву муассисаҳо, шиору овезаҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои Табошар, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Спитаменро аз ҷиҳати имлову услуби забони тоҷикӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд  ва ба муовини Раиси вилояти Суғд ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Мудири кафедра ва устодон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни лаёқатманду ташаббускор ва соҳибистеъдод, ҳамкориро бо шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ зич ба роҳ монда, варзишгарон, донишҷӯёни фаъол ва аъзои маҳфили «Суханвар»-и назди кафедраро зери таваҷҷуҳи доимии худ қарор дода, фаъолиятро дар ин самт пурзўр намуда истодааст. Инчунин, омӯзгорони кафедра бо телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ ҳамкорӣ дошта, пайваста барои ташвиқу тарғиби забн ва адабиёти тоҷик дар барномаҳои гуногун ширкат меварзанд. Бавижа, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Каримов А.А. бо донишҷӯёни факултетҳои молия, бизнес ва идоракунӣ, ҳуқуқшиносӣ борҳо, меҳмони барномаи телевизионии «Назаре ба оина» дар ТВ Суғд гардида, дотсент Каримов ҳамчун коршинос вобаста ба паҳлӯҳои эҷодиёти шоирону нависандагон, хизматҳои арзандаи онҳо андешаронӣ намуда, донишҷӯён бошанд, аз ашъори ноби шоирон(Рӯдакӣ, камоли Хуҷандӣ, М.Турсунзода, Лоиқ Шералӣ) дар мавзӯъҳои гуногун шеърҳо хондаанд.

Омӯзгорони кафедра дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯҳи субҳи доноӣ китоб аст” иштирокчиёни фаъол ҳастанд. Соли ҷорӣ дотсентони кафедра Каримов А.А.(номинатсияи адабиёти муосир), Раҳматова Д.А. (номинатсияи адабиёти ҷаҳон), Каримова М.Т. (номинатсияи адабиёти классик) ва сармуаллим Мирниёзов А. (номинатсияи эҷоди назму наср) нахуст дар озмуни донишгоҳӣ ва сипас, дар озмуни шаҳрӣ сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Инчунин, нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии аъзоёни кафедраи забони тоҷикӣ барои солҳои 2020-2024 тартиб дода шудааст, ки ҳайати профессорону омўзгорони кафедраи забони тоҷикӣ дар солҳои 2020-2024 таҳти мавзўи «Тадқиқи масъалаҳои муҳими забоншиносии тоҷик: муқоисаи таркиби луғавии осори классикӣ бо муосир, гурўҳҳои маъноӣ-луғавӣ, лексикография ва юрлингвистика» анҷом медиҳанд.

Мудири кафедра Негматова Мухбирахон Мирзохӯҷаевна

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Кафедраи забони русӣ 13.06.2002 бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Кафедраи забони русӣ таҳти роҳбарии дотсент А. Саидмамадов фаъолияташро оғоз намуда, аввал дар факултети бизнес ва ҳисобгирӣ (ҳоло факултети бизнес ва идоракунӣ), сониян дар факултети ҳуқуқшиносӣ ва сипас дар факултети молия ҷойгир шудааст. Аз соли 2007 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Д.Д. Мирзоева ба зимма дошт, аз июни 2012 то 20 октябри 2014 дотсент М.Ҷ. Хоҷаева мудири кафедра таъин шуда буд. Давоми солҳои 2014-2021 дотсент Д.Д. Мирзоева ба ҳайси мудири кафедра фаъолият бурд. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсентНегматова Мухбирахон Мирзохӯҷаевна ба ӯҳда дорад.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра таъмини раванди таълим аз фанни забони русӣ буда, он ба ташаккули нутқи шифоӣ ва хаттии донишҷўёни бахшҳои 1 дар шўъбаҳои рўзонаву ғоибона аз рўйи барномаи таълимии забони русӣ барои донишҷўёни ғайрифилологӣ равона гардидааст.

Самти умдаи фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра дар ду самт: компаративистика ва типологияи забонҳо ва такмилу таълими забони русӣ дар шароити гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон муқаррар карда шудаас.

Аз тарафи устодони кафедра 3 адад китобҳои дарсӣ, 7 адад дастурҳои таълимию методӣ, 7адад монография ва зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ ба чоп расидаанд. Аз ҷумла:

Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ:

  1. Дидактический материал по разделу «Части речи» для занятий по русскому языку в национальных группах нефилологических вузов (часть 1, 2);
  2. Краткий курс русского языка (для аспирантов и соискателей нефилологического профиля);
  3. Курс лекций, хрестоматия и практикум по риторике
  4. Русский язык для экономических специальностей (учебное пособие для первых курсов) часть 1;
  5. Учебное пособие по русскому языку для студентов юридического факультета, часть 1;
  6. Русский язык для студентов гуманитарных специальностей (учебно-методический комплекс);
  7. Русский язык для экономических специальностей (учебно-методический комплекс), часть 2;
  8. Русский язык для студентов юридического факультета (учебно-методический комплекс), часть 2;
  9. Учебно-методический комплекс по риторике для студентов специальности дипломатия (с русским языком обучения);
  10. Учебно – методическое пособие для интенсивного изучения русского языка и русской литературы, Худжанд, 2016.
  11. Комплекси таълимӣ-методӣ. Учебно-методический комплекс по русскому языку для студентов специальности 1-23.01.01 «Международные отношения». Хучанд, Парки технологии ДДХБСТ. – 2019, 200 с.
  12. Дастури методї. Русский язык (для неязыковых вузов). Хучанд, Парки технологии ДДХБСТ. – 2019, 200 с.

 

Монографияҳо:

  1. Справочник таджикских личных имён. Худжанд. Издательство Рахима Джалиля – 2001. –75 стр.;
  2. Лингвистические исследования таджикских и русских антропонимов в сравнительно-сопоставительном плане (на основе словарей и справочников). Автореферат диссертации на соискание учёной степени кандидата филологических наук. Душанбе-2002, 25 стр.;
  3. Лексика, обозначающая цвет, в таджикском и русском языках. Худжанд – 2002, 180 стр.;
  4. Лингвистические исследования таджикских и русских антропонимов. Худжанд. Издательство Рахима Джалиля – 2005. –139 стр.;
  5. Гипонимо-эквонимические отношения в системе зоонимов русского и узбекского языков, Худжанд. Издательство Рахима Джалиля – 2013, 161 стр.;
  6. Характерные особенности и необходимость формирования деловых качеств студентов на занятиях русского языка в условиях рыночной экономики, Душанбе, Ирфон – 2013, 172 стр.
  7. Содержательный аспект обучения русскому языку как механизм формирования деловых качеств студентов, Душанбе, Ирфон – 2014, 132 стр.
  8. «Гипонимо-эквонимические отношения в системе зоонимов (в сопоставительном аспекте)». (161 стр.), (Германская национальная библиотека номер проекта 119421 ISBN 978-3-659-49422-2 нашриёти «Lambert Academic Publishing»), соли 2015 дар Олмон аз чоп баромад. Айни ҳол дар кафедра 11 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 4 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент (Мирзоева Д.Д., Атоева М.М., Абдуалиева З.У., Ишматова Ш.А.), 4 нафар сармуаллимон (Абдуғаниев А.А., Негматова М.М., Юсупова З.М., Дадобоева Р.С.,; 1 нафар ассистент – Юсупова М.И. ва коргузор Фозилова М.К.), 1 нафар омўзгор (профессор Хоҷаева М.Ҷ.) хамчун ҳамкори дохила маҳсуб меёбад.

Рўйхати таълифоти илмӣ

Суроғаи электронӣ: kaf-zaboni-rusi@tgu.tj

 

Хайъати кафедра:

  1. Мирзоева Дилбар Дадобоевна
  2. Атоева Мамлакат Мухторовна
  3. Абдуалиева Зумрад Умаркуловна
  4. Ишматова Шоира Абдуганиевна
  5. Абдуѓаниев Абдурањим
  6. Негматова Мухбирахон Мирзохўљаевна
  7. Юсупова Замира Мубинджановна
  8. Дадобоева Рахбарой Самељоновна
  9. Юсупова Мусабе Исломовна