Оқибатҳои бетарафӣ ба миллаткушӣ оварда мерасонад
Моҳҳои охир вазъияти Афғонистон яке аз мавзўъҳои марказии тамоми рӯзномаҳои ахбори даврӣ шуда истодааст. Дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон оиди вазъияти ба вуқўъ омадаи кишвари ба мо дуст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Афғонистон вокуниш нишон медиҳанд.
Мутаассифона, аксарияти ҷаҳониён дарк намекунанд, ки толибон дар ин мудати бист сол ба мутахассисони ҳарбии дараҷаи олӣ табдил гардиданд. Бо вуҷуди истифодаи яроқу аслиҳаҳои муосир аз ҷониби давлатҳои ихтилоф дар мудати бист сол ба толибон муясар гардид, ки истодагарӣ намуда, баъд аз баромадани артиши иттилоф Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар як мудати кутоҳ бо тамоми лавозимоти ҷагие, ки дар он ҷо гузошта шуда буд ба даст оварданд. Ҷангҷӯён тактика ва стратегияи худро сайқал дода метавонанд, ки дар оянда ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид намоянд.
Бар зидди ин ҳаракати ҷангҷуй Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони Афғонистон бархеста муқовимат нишон дода истодааст. Ў зарур мешуморад, ки бар зидди Толибон ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дастаҷамъона муттаҳид гардида мубориза намоянд.
Ў таъкид намуд, ки байни Амрикову Толибон созишномае мавҷуд надорад ва тасмим гирифта буд, ки панҷуми сентябр ба таври расмӣ оғози кори ҷунбиши сиёсии худро дар Панҷшер (зодгоҳи хонаводагии худ) дар шимоли Кобул эълом кунад.
Баъд аз оғози муқовимат Аҳмад Масъуд баён намуд, ки бар зиди онҳо тайёраҳои бе сарнишини кишвари ҳамсояи, яъне Покистон ҳамла овард. Лекин муборизаи Панҷшериён идома дорад ва имрўзҳо онҳо ҷараёни партизаниро пеша кардаанд.
Мардуми Тоҷикистон аз вазъияти дар Афғонистон шудаистода ҳама дар ташвишвнд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронии худро нисбати масъалаи мазкур садҳо нафар баён намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоянд, ки ба ҷабҳаи муқовимати Афғонистон алайҳи Толибон эътирози худро баён намуда, ҷраҳои ҷидди андешанд.
Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд ҳарчӣ зудтар дар Афғонистон як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
Сарвари давлат ин матлабро дар Қасри миллат дар мулоқоти худ бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баён намуда буданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳама гуна беқонунӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.
Президенти кишвар ба Вазири покистонӣ ёдрас намуданд, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бояд бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян шавад.
Мо ҷонибдори суханҳои Пешвои миллатамон буда, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ талаб менамоем, ки нисбати қазияи Афғонистон, алалхусус Панҷшер бетараф набошад, зеро ки дар сурати бетарафӣ геносиди миллати тоҷик ва дигар халқиятҳо оварда мерасонад.
Сайфулоева М.А.–дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ